(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни баргузории ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳр боздид намуданд.

Дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ, қаннодӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ то фаро расидани Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳрҳои саноатии вилоят ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ доир мегардад. Сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намуда, дастархони солинавии хешро ороста намоянд.

Тибқи маълумоти оморӣ, то аввали моҳи ноябри имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ беш аз 9 млн сар паранда парвариш меёбад, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 1 млн сар афзоиш ёфтааст.

Тавре аз КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» иброз намуданд, то 10 декабр дар ҷумҳурӣ беш аз 8 млн дона тухм ва зиёда аз 27 тонна гӯшти паранда истеҳсол гардидааст, ки дар ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои дастрас пешниҳод гардонида мешаванд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли ҷорӣ истеҳсоли картошка дар вилояти Суғд бамаротиб афзоиш ёфта, танҳо дар ноҳияи Деваштич 180 000 тонна, Куҳистони Мастчоҳ 40 ҳазор тонна «нони дуюм» захира карда шудааст. Захираи шолӣ ва пиёз низ нисбати соли гузашта хеле афзудааст.

Дар ярмарка-фурӯш маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили картошка, пиёз, карам, сабзавот, мевагӣ, асал ва дигар намуди маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархи нисбат ба бозор 30 фоиз арзон пешниҳод гардидаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд