(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар кумитаи маҳаллаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони маҳалла ва тарғиботчиён ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани неруйи барқ мулоқот баргузор гардид.

Гуруҳи тарғиботчиён, аз ҷумла Мўсо Олимҷонов, Саидимрон Саидов, Мурод Раҷабов, Ҷумъабой Воҳидов ва Нарзулло Усмонов доир ба истифодаи сарфакоронаву боинсофона ва мақсадноки нерӯи барқ баромадҳо намуда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба таври қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани исрофкорӣ сайъ намоянд.

Таъкид гардид, ки вобаста ба вазъи имрӯзаи захираҳои оби кишвар дар фасли зимистон бояд ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳо, сарфи назар аз шакли моликият, низоми истифодаи сарфакоронаи нерӯи барқ ва пешгирӣ кардани исрофкории онро риоя намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд