(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз тарафи кормандони ташаккули тарзи ҳаёти солими шаҳри Хуҷанд бо якҷоягии кормандони маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Хуҷанд корҳои ташфиқотию тарғиботӣ оид ба пӯшидани ниқоб ва риояи фосилаи иҷтимоиро дар мавзеъҳои ҷамъиятӣ бурда шуд. Баҳри бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамзамон баландгӯякҳо низ фаьол буданд.

Таъкид шуд, ки дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки эҳтимоли пайдоиши манбаҳои паҳншавии коронавирус мавҷуд аст, Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ маслиҳат медиҳад, ки “чӣ дар дохили биноҳо, аз ҷумла дар мағозаҳо, ҷойҳои кори умумӣ ва мактабҳо ва чӣ дар беруни биноҳо, ки фосилагирии ҷисмонӣ ба андозаи ҳадди ақалл як метр ғайриимкон аст, ниқобҳо пӯшида шаванд. Ғайр аз ин, созмон тавсия медиҳад, ки сарфи назар аз имконоти нигоҳ доштани фосилаи зарурӣ, ҳамеша дар дохили биноҳое, ки ба таври бояду шояд ҳаво дода намешаванд, бояд ниқоб пӯшида шавад.

Бояд қайд намуд, ки тамоюли сироятёбӣ дар шаҳри Хуҷанд бамаротиб кам шуда бошад ҳам, аз ҷониби масъулини дахлдор ҷиҳати бурдани корҳои тарғиботию ташвиқоти силсилаи чорабиниҳоро пиёда шуда истодаанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд