(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Анталияи кишвари Туркия Олимпиадаи байналалмиллали Дониш "International olympiad Antaliya 2020" аз фанхои дакик ва забономузи тариқи фосилавӣ баргузор гардид, ки дар он 14 нафар хонандагони болаёқати шаҳри Хуљанд мақомҳои ифтихориро соҳиб шуданд.

Дар ин олимпиада аз миёни 29 кишвари олам ва беш аз 2000 иштирокчӣ 22 нафар хонандагони литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд низ кишвари Тоҷикистонро шоиста муаррифӣ намуданд. Дар натиҷаи ҷамъбасти озмун хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд 14 ҷойҳои ифтихорӣ аз ҷумла: 4 медали тилло, 3 нуқра ва 7 биринҷиро ба даст оварданд.

Тибқи иттилои сарвари литсей барои хонандагони болаёкат дар шаҳри Хуҷанд Сурайё Негматова хонандагони зерин бо ба даст овардани бештари холҳо ғолиб дониста шуда, бо медал, диплом ва ҷоми озмун шарафёб гардиданд: Аҳроров Акрамхон - синфи 4, забони англисӣ ҷойи 1, Қурбонова Нигина - синфи 7 забони туркӣ ҷойи 1, Ибрагимов Сарвар - синфи 11 аз фанни физика, ҷойи 1, Масумова Амина -синфи 6 аз фанни математика ҷойи 1, Шодиходҷаев Абдураҳим -синфи 7 забони англисӣ ҷойи 2, Аҳророва Ясмина - синфи 8 забони англисӣ ҷойи 2, Тоҷибоев Абдухолиқ- хонандаи синфи 11 аз фанни математика ҷойи 2, Абдуллаева Фируза - хонандаи синфи 9 забони англиси ҷойи 3, Собирзода Меҳроҷ- хонандаи синфи 7аз фанни математика ҷойи 3, Сафарзод Абдураҳим - хонандаи синфи 5 аз фанни математика ҷойи 3, Абдулқосимов Абубакр- хонандаи синфи 4 аз фанни математика ҷойи 3, Юсуфҷон Турсунзода-хонандаи синфи 4 аз фанни математика ҷойи 3, Ашурматов Муҳаммадхон -хонандаи синфи 5 аз фанни забони русӣ ҷойи 3, Самандаров Самандар - хонандаи синфи 10 аз фанни забони англисӣ ҷойи 3.

Ҷоиз ба таъкид аст, ки Олимпиадаи байналалмиллали Дониш "International olympiad Antaliya 2020" аз фанхои дақик ва забономузӣ таи 12 сол инчониб аз тарафи Академияи туризми Анталия ва мактаби байналмиллалии ЭДУАНТ хамасола ташкил ва баргузор гардида, яке аз озмунхои бонуфузтарини хонандагон ба шумор меравад. Имсол бо хуруҷи бемории сироятии Ковид - 19 озмун тариқи фосилавӣ баргузор гардид.

Дар литсей барои хонандагони болаёкати шаҳри Хуҷанд кор бо хонандагони болаёқат ва гуруҳҳои олимпӣ ҷиддӣ ба роҳ монда шудааст. Дар ҳаракати олимпии литсей 120 хонанда шомил буда, имсол хонандагони болаёқати литсей барои иштирок дар 10 озмунҳои сатҳи ҷаҳонӣ аз фанҳои дақиқ ва забономузӣ омодагии ҷиддӣ дида истодаанд.

Бояд қайд намуд, ки давоми моҳи ноябр - декабри соли равон дар се олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷумла, Таиланд, Маскав ва Анталия 38 нафар хонандагони литсей иштирок намуда, 24 ҷойҳои ифтихориро ба даст оварданд, аз чумла 7 медали тилло, 8 медали нукра ва 9 медали биринҷӣ.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд