(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Фестивали умимишаҳрии варзишгарон оғоз ёфт.Бо ташаббуси Бахши ҷавонон варзиш ва сайёҳии шаҳри Хуҷанд, бахшида ба Рӯзи мубориза зидди нашъамандӣ ва таҷлили Ваҳдати миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мактаби варзишии бачагон ва наврасони № 2 шаҳри Хуҷанд аз санаи 10 то 25 июни соли равон силсилаи мусобиқаҳои варзишӣ баргузор мегардад. Варзишгарон аз рӯи 20 намуд, - аз қабили футбол, камонкашӣ, ушу, баскетбол волейбол, намудҳои гуногуни гӯштин шиноварӣ, қаиқронӣ вазнбардорӣ ва ғайра баргузор мегардад.
Дар расми кушоди чорабинӣ муовини аввали Раиси шаҳри Хуҷанд Иброҳим Иброҳимов сухан ронда, аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кулли иштирокдорон ва саҳмгузорони ин фестивали умумишаҳриро табрик намуд. Намояндаи Агентии назорати зидди маводи мухаддири назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Шӯҳрат Абдуллозода низ ба сухан баромада, иттилоъ дод, ки ҷамбасти фестивали мазкур санаи 25 июн бо баргузории намоиши оммавии умумишаҳрӣ хотима меёбад.
Дар мусобиқа намояндагони тамоми мактабҳои варзишӣ, дастаҳои алоҳида ширкат менамоянд.