(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази вилояти Суғд – шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ташкил ва дар он анвои гуногуни маҳсулот бо нархҳои нисбатан арзон пешниҳоди сокинон гардид, ки он бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, мусоидат дар таъмини захираи маҳсулот аз тарафи аҳолӣ, дастрасии мардум ба маҳсулоти хушсифати озуқаворӣ, инчунин ғанӣ намудани хони солинавии сокинони шаҳр роҳандозӣ гардидааст.

Субҳи имруз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷараёни ташкили ярмарка боздид намуданд.

Тавре аснои боздиди Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иттилоъ дода шуд, аз ҷониби шаҳру навоҳии вилоят ва корхонаҳо дар ярмарка картошка, пиёз, сабзӣ, биринҷ, меваҳои гуногун, равған, консерва, гӯшти гов, гӯсфанд, паранда, моҳӣ, орд, намак, шакар, тухм, асал, маҳсулоти нониву гӯштӣ ва ғайраҳо бо нархҳои нисбатан арзон ба фурӯш гузошта шуда буд.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми боздид таъкид кард, ки бо супориши Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо мақсади бо нархҳои нисбатан арзон ба аҳолӣ пешниҳод намудани маводи ғизоӣ чунин ярмаркаҳо мунтазам ташкил карда шуда, сокинон метавонанд маҳсулоти зарурии худро арзонтар аз бозор дастрас намоянд.

Ҳамзамон ба масъулин барои дар сатҳи баланд гузаронидани ярмарка-фурӯши маҳсулот ва назорати нархи маҳсулоти пешниҳодшаванда то анҷоми ярмарка супоришҳои мушаххас дода шуд.

Cокини шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҳимов иброз дошт, ки «баргузории чунин ярмарка-фурӯши маҳсулоти мавриди ниёзи аввал барои буҷаи оила ва дастрасӣ ба маҳсулоти кишоварзӣ заминаи хубест. Иқдоме, ки имрӯз амалӣ гардида истодааст, хеле хайрхоҳона аст. Рӯзҳои истироҳатии як моҳи охир баргузории ин ярмарка-фурӯш ҳар оила метавонад маҳсулоти тару тоза ва дастранҷи деҳқонро бо нархи арзон харидорӣ ва захира намояд».

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд