(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори хурди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти роҳбарии иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҳузури мудирони шуъбаҳои дахлдори шаҳрдорӣ, раисони кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳр ва кормандони масъули шабакаҳои барқӣ ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.

Дар оғози маҷлис иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода доир ба вазъи омодагӣ хоҷагии халқ ба зимистонгузаронӣ, ҳолати корҳои ободонию созандагӣ ва тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз раисони кумитаи маҳаллаҳо даъват ба амал овард, ки ҷиҳати тақвияти корҳои бунёдкорӣ ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо андешида шавад, ҳамзамон бо мақсади тозаву обод нигоҳ доштани кўчаву маҳаллаҳо ҳашарҳои дастҷамъонаро суръат бахшанд.

Фирдавс Шарифзода вобаста ба муроҷиатномаи Ширкати «Барқи Тоҷик» ба мардуми шарифи мамлакат андешаронӣ намуда, раисони кумитаи маҳаллаҳоро муваззаф кард, ки дар самти сарфакорона истифода бурдани нерўйи барқ корҳои фаҳмондадиҳиро бо аҳолӣ пурзўр намоянд. Шаҳрдор таъкид дошт, ки бояд ба истифодаи оқилонаву сарфакорона ва мақсадноки нерӯи барқ дар ҳар як оила, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ, сарфи назар аз шакли моликият, эътибори ниҳоят ҷиддӣ ва аввалиндараҷа диҳем. Истеъмолкунандагон ва тамоми сокинонро зарур аст, ки барои кам кардани талафоти нерӯи барқ ва истифодаи сарфакоронаи он кӯшиш намоянд.

Сипас, Рустам Пўлотов, директори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд доир ба вазъи барқтаъминкунӣ иттилоъ дода аз ҷумла афзуд, ки солҳои охир бо дастгирии Давлату Ҳукумат Шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд инкишоф ёфта, бори аввал дар Тоҷикистон низоми биллингӣ дар соҳаи энергетика роҳандозӣ карда шуд ва он бо муваққият анҷом ёфт. Ин лоиҳа имкон дод, ки тамоми таҷҳизоти барқрасонии шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд таҷдиду азнавсозӣ шуда, 2 адад зеристгоҳи нави барқӣ бунёд гардида, талафоти неруйи барқ паст ва шиддатнокии беҳтар карда шуд. Ин иқдом пеш аз ҳама аз ҷониби муштариён истиқболи гарм пайдо намуд ва истифодаю пардохти барқ низ оқилонаву мақсаднок амалӣ карда шуда истодааст. Дар баробари ин бо афзудани шумораи аҳолӣ ва корхонаҳои нави саноатӣ талабот ба неруйи барқ шуда истодааст. Аз ин лиҳоз аз шаҳрвандон даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати сарфакорона истифода бурдани нерўйи барқ азм намоянд, дастгоҳу таҷҳизоти гармидиҳиро бе зарурат истифода набаранд. Дар ҳавлиҳои истиқоматӣ бояд шаҳрвандон дигар манбаъҳои гармирасонро истифода намоянд.

Дар анҷоми ҷаласа иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода таваҷҷуҳи раисони кумитаи маҳаллаҳоро ба аёдату кўмаки ашхоси ниёзманд бахусус дар фасли сармо ҷалб намуда, дастур дод, ки аз вазъи зиндагии ятимон, барҷомондагон, ашхоси танҳою камбизоат мунтазаам хабар гиранд ва мушкилоти эшонро баррасӣ намоянд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд