(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар маҷлисгоҳи Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ бо ташаббуси ташкилоти ибтидоии "Сино"-и муассисаи таълимии мазкур конференсияи илмӣ таҳти унвони ““ҲХДТ созанда аст” доир гардид.

Бахтовар Почоев ҷонишини директор оид ба корҳои тарбиявии коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд номаи муборакбодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раиси муаззами Ҳизби халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ифтихори ин санаи муборак ба самъи ҳозирин расонид.

Инчунин муовини ташкилоти ибтидоии "Сино"-и коллечи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ Амбарой Волидова зимни баромади худ зикр дошт, ки Ҳизби халкии демократии Точикистон, ки зодаи даврони Истиклолият аст, дар давоми мавҷудияташ хамеша барои муттаҳидию ҳамбастагии мардум кушиш ба харқ дода, дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст.

Дар идомаи кори конфронс ҷамъбасти мусобиқаҳои варзишии дохиликоллеҷӣ аз руи 6 намуд бахшида ба Рузи Парчами давлатӣ, Рӯзи Президент ва ба муносибати 26-умин солгарди таъсиси ҲХДТ байни омӯзгорон ва донишҷӯёни муассиса роҳандозӣ гардида буд, ҷамъбаст гардида, ғолибон бо диплом ва тӯҳфаҳои арзанда сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд