(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар микроноҳияи 18-уми маҳаллаи Мевағули шаҳри Хуҷанд бунёди маркази муосири савдо «Амид» бомаром идома дорад.

Зимни як боздид иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз раванди бунёди иин маркази савдо шиносоӣ пайдо кард.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази муосири савдою хизматрасонӣ аз бо маблағгузории ҶДММ «Амид» аз тарафи сохтмончиёни ҶДММ «Тиниал» бунёд шуда истодааст.

Корҳои сохтмонӣ аз оғози соли ҷорӣ бо ҷалби беш аз аз 20 нафар сохтмончӣ ва мутахассисони баландихтисоси ватанӣ бомаром идома дорад. Маркази муосири савдо «Амид» аз ду ошёна иборат буда, баъди истифодадиҳӣ ба фурўши маҳсулоти озуқаворӣ машғул мешавад.

Баробари пурра мавриди истифода қарор гирифтани маркази муосири савдо «Амид» то 80 ҷойи нави корӣ ташкил карда мешавад.

Фирдавс Шарифзода ба муассис ба пудратчии иншоот ҷиҳати бо истифода аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд намудани маркази савдо ва бо назардошти унсурҳои миллии меъморӣ ба анҷом расонидани корҳо дастуру супоришҳо дод.

Бояд қайд намуд, ки феълан дар шаҳри Хуҷанд аз ҷониби ҶДММ «Амид» ду маркази савдо фаъолияти густурда дорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд