(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” ташриф оварда, рафти бунёд ва фаъолияти як зумра корхонаҳои саноатиро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Минтақаи озоди иқтисодии “Суғд” соли 2009 бо масоҳати умумии 320 га таъсис дода шуда, дар минтақаи саноатии ҷанубу ғарбии шаҳри Хуҷанд ҷойгир аст.

Бояд қайд намуд, ки шумораи соҳибкороне, ки хоҳиши бунёди корхонаи саноатӣ дар минтақаро доранд, то рафт афзуда истодааст. Масалан, соҳибкор Озодамоҳ Қулова тасмим дорад, ки дар минтақаи озоди иқтисодӣ корхонаи навро бунёд намояд.

Тавре иттилоъ дода шуд, бо ташаббуси ин бонуи соҳибкор корхонаи коркарди меваи хушк бунёд шуда истодааст. Корхонаи нав “Донаи алмос” номгузорӣ шуда, он тибқи нақшаи пешакӣ бо харҷи 600 000 сомонӣ бунёд карда хоҳад шуд. Бо мавриди истифода қарор гирифтани корхонаи мазкур 40 нафар соҳиби ҷойи кор мегарданд.

Фирдавс Шарифзода ба соҳибкор ҷиҳати тезонидани суръати бунёди корхона ва ба фаъолияти густурда оғоз бахшидан дастуру супоришҳо дод. Таъкид шуд, ки Тоҷикистон ватани меваҳои шаҳдбор аст ва бо коркарду бандубасти замонавии хушкмеваҳо метавон даромади хуб ба даст овард. Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар бозорҳои минтақа харидорони сершумор дорад ва таъсиси боз як корхонаи коркарди мева омили зиёд шудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба хориҷа хоҳад шуд.

Сохтмони корхонаи "Оҳанкор", ки бо мақсади металгудозӣ ва истеҳсоли маҳсулоти оҳанӣ бунёд шуда истодааст, бо маром идома дорад. Иттилоъ дода шуд, ки сохтмончиён ҷиҳати ҳарчи зудтар мавриди баҳрабардорӣ қарор додани корхонаи мазкур ҷахд намуда истодаанд.

Шаҳрдор иқдоми соҳибкорро дар самти расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ – саноатикунонии босуръати кишвар муҳиму саривақтӣ арзёбӣ карда, изҳор дошт, ки Тоҷикистон ба молу маҳсулоти воридотивазкунанда ниёз дошта, бахусус маҳсулоти сохтмонӣ дар ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манфиати истеҳсолкунандагон аст.

Фирдавс Шарифзода ба муассисон дастур дод, ки зимни бунёди корхонаи мазкур бо дурнамои содироти он хориҷи кишвар чораҳо андешида шавад.

Зимни шиносоӣ бо ҶДММ «Пайрави Хуҷанд», ки ба истеҳсоли гўшти мурғ машғул аст, иттилоъ дода шуд, ки дар ин корхона зиёда аз 50 000 сар мурғ парвариш карда мешавад.

Дар ин ҷо комплекси мукаммалу меъёрии парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезии парандаро таъсис доданд, ки ҳамаи марҳилаҳои парвариши чӯҷа ва истеҳсолу то ба истеъмолкунанда расондани гӯшти аълосифати парандаро дар бар мегирад.

Ширкат дорои иншооти парандапарварӣ, инкубатории чӯҷабарорӣ, коргоҳи забҳи паранда инфрасохтори ҳавотозакунӣ, санитарию беҳдошти зооветеринарӣ мебошад.

Иттилоъ дода шуд, ки давоми 40-45 рӯз чӯҷаҳои зоти бройлерӣ ба ҳисоби миёна 2-2,5 килограмм вазн мегиранд ва барои забҳ тайёр мешаванд.Иқтидори истеҳсоли солонаи корхона 750 тонна гўшти мурғро ташкил медиҳад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд