(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Иттифоқи касабаи вилояти Суғд мулоқоти номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии Бофанда, №2 ба ивази вакили хориҷшуда бо иштироки ҳайати комиссияи ҳавзавии интихобот, ҳайати комиссияи участкаҳои интихоботии №12, 15 ва интихобкунандагони ҳавзаи интихоботии Бофанда, №2- маҳаллаҳои Хуҷанд ва Тути калон баргузор гардид.

Кимё Исматова, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бофанда, №2 мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, аз ҷумла афзуд, ки дар асоси қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз 21 октябри соли 2020, таҳти № 58 «Дар бораи таъин намудани интихоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд дар ҳавзаҳои алоҳида» ва тибқи моддаҳои 25 ва 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба тартиби пешбарии номзадҳо ба вакилӣ ва оид ба гузаронидани интихоботи вакилон ба ивази вакили хориҷшуда, ки санаи 20 декабри соли 2020 баргузор мегардад, аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ дар конференсияҳо номзадҳо ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 пешбарӣ гардиданд, ки аз тарафи ҳавзаи интихоботӣ ин номзадҳо ба қайд гирифта шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар мулоқот номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Саодат Аминҷонова ва шахсони боэътимоди номзад ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд Зўҳро Қўзибоева ва шахсони боэътимоди номзад ҳузур доранд.

Сипас шахсони боэътимоди номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 Саодат Аминҷонова ва номзади Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон ба вакилии Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 Зўҳро Қўзибоева барномаҳои пешазинтихоботии номзадонро муаррифӣ намуданд.

Ҳамчунин дар ҷараёни мулоқот номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Саодат Аминҷонова ва номзад аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Зуҳро Қўзибоева баромад намуданд.

Кимё Исматова, раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии Бофанда, №2 мулоқотро ҳусни анҷом бахшида, аз ҷумла зикр намуд, ки дар асоси моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи вакилон ба Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» оид ба ташвиқоти пешазинтихоботӣ ба ҳизбҳои сиёсӣ, ки ба вакилӣ номзад пешниҳод намуданд ва ба намояндагони номзадҳои мустақил ҳуқуқ дода мешавад, ки ба тарафдории номзадҳои худ ташвиқот баранд.

Бинобар ин ҳизбҳои сиёсӣ, номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо метавонанд то санаи 19 декабри соли 2020 дар участкаҳои интихоботии ҳудуди ҳавзаи интихоботии «Бофанда» №2 вохўриҳои пешазинтихоботии худро гузаронанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд