(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ҷиҳати ҷилавгирӣ аз воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ғайристандартӣ, ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва пешгириибемориҳои сироятӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд тадбирҳои таъхирнопазир андешида шуда истодааст.

Бо ин ҳадаф дар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд мулоқоти роҳбарияти Марказ бо соҳибкороне, ки ба хариду фурӯш ва истеҳсоли маводи қаннодии кремдор ва шириниҳо машғуланд баргузор гардид.

Тахмина Усмонова, сардори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки бо баробарии фарорасии Соли нави мелодӣ талабот ба ширинию маҳсулотҳои қаннодӣ ва дигар анвои хӯрокаи болаззат афзун гардида, гуруҳе аз соҳибкорон бо истифода аз имконият молҳои куҳнаи ба фурӯш нарафтаи хешро ба савдо мемонанд ки ба сиҳатии омма таъсири зиёд мерасонад. Аз ин лиҳоз, аз соҳибкороне, ки дар самт фаъолият доранд, талаб карда мешавад, ки сиҳатии оммаро аз манфиати хеш боло донанд.

Таъкид гардид, ки ҷиҳати пешгирии воридоти молу маҳсулоти пастсифат ва ба саломатӣ зараровар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир меандешад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 100 адад сехҳои истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъол буда, аз миёни онҳо 30 ададашон ба истеҳсоли маҳсулоти қаннодии кремдор машғуланд. Дар ин сехҳо беш аз 700 нафар кормандон фаъолият доранд, ки мутобиқи талаботи қонунгузорӣ бояд аз муоинаи ҳатмии тиббӣ гузаранд.

Дар соли ҷорӣ аз тарафи Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд аз бозорҳо, марказҳои савдо ва мағозаҳои шаҳр беш аз 140 кило маҳсулоти қаннодии шубҳанок ва гузаштани муҳлати истеъмолошан аз муомилот гирифта 5 нафар ҷарима шуданд.

Таъкид шуд, ки тадбирҳои беҳдоштии марказ пеш аз ҳама баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ амалӣ карда мешавад.

Дар нишаст ҳамзамон роҳҳои тавсеаи бештари ҳамкории мутақобилан судманди сохтори салоҳиятдор бо соҳибкорон дар самти ҷилавгирӣ аз воридот ва фурӯши молу маҳсулоти пастсифати ғизоӣ матраҳ гардид.

Ҳамзамон ба самъи иштирокдорони чорабинӣ муҳтавои қарори Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ барои пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID–19 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили Соли нави мелодӣ расонида шуд, ки имсол ҳамагуна чорабиниҳои оммавии солинавӣ, аз ҷумла ҷумла ташкили арчаи солинавӣ, чорабиниҳои фарҳангии оммавӣ, нишастҳои ҷашнӣ ва шабнишиниҳоро дар асоси қарори номбурда қатъиян манъ карда шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд