(5 овоз, миёна 3.40 аз 5)

 Раиси шаҳр бо аҳолии маҳаллаҳои Масҷиди Сурх ва Масҷиди Савр мулоқот намудМулоқоти Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Каримов бо истиқоматкунандагони маҳаллаҳои Масҷиди Сурх ва Масҷиди Савр  баргузор гардид. Дар ифтитоҳи мулоқот Раиси шаҳр оиди натиҷаҳои солонаи  фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, оиди таҷлили ҷашнҳои бузурги миллатамон дар соли 2012 сухан гуфт. Қайд намуд, ки дар қатори пешравиҳои зиёд дар соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ, ободонию бунёдкориҳо низ якчанд масъалаҳои ҳалталаб  низ ҳастанд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр барои бартараф кардани онҳо корбарӣ карда истодааст, дар мисоли таъмири роҳҳои байни маҳаллаҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, сохтмони боғчаҳои бачагона, ки барои аҳолии шаҳр нокифоя аст ва дигар масъалаҳо.

Дар бораи вазъи ҷинояткорӣ сухан карда, қайд кард, ки  тамоми фаъолон, падару модаронро даъват намуд, ки дар таълиму тарбияи насли ҷавон, фарзандонашон бетараф набошанд.Баъзе ашхосон ҳастанд, ки тинҷию оромии кишварамонро намехоҳанд ва бо ҳаргуна роҳҳо вазъи зиндагии ҷомеаро нороҳат карданианд. Оиди ин масъалаҳо аз ҷониби мақомотҳои қудратӣ чораҷӯиҳои фаврӣ шуда истодааст.

Баъдан, сокинони маҳаллаҳо оиди  масъалаҳои ҷудо кардани қитъаи замин, таъмири роҳҳо, чароғонкунии кӯчаҳо, тозагии соҳили дарё, ба танзим даровардани гаштани микроавтобусҳо ба Раиси шаҳр муроҷиат намуданд.

Дар мулоқот намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва ходимони дин низ иштирок ва баромад карданд.