(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд дар доираи маъракаи иттилоотии “16 рӯзи алайҳи хушунат нисбати занон” бо донишҷӯёну омӯзгорони донишкада вохӯрӣ доир гардид.

Аз ҷониби мудири шуъбаи тарбия М. Темурова қайд гардид, ки яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор меравад. Вобаста ба ин, ҷомеаи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ бо роҳбарии директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ иқдомоти Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамеша дастгирӣ намуда, мекӯшанд фаъолияти занону духтарони донишкадаро хубтару беҳтар ба роҳ монанд. Самтҳои асосии фаъолияти Шӯро ин расонидани кӯмакҳои иттилоотӣ-машваратӣ ба бонувон ва донишҷӯдухтарон, ҷалби духтарон ба таҳсил, фаро гирифтани онҳо ба касбомӯзӣ, пешгирии ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа дар байни занону духтарон мебошад.

Сипас Хуршеда Хоҷазода, сардори раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар баромади худ қайд намуд, ки мақсади асосии чорабинии имрӯза таваҷҷуҳ ба масъалаи зӯроварӣ, тағйир додани қолабҳои муносибат ва рафтори номатлуб, хотима бахшидан ба паҳншавии зӯроварӣ нисбат ба занону духтарон мебошад. Байни ҷомеа ақидаест, ки зӯроварӣ дар оила ин кори оилавӣ ва шахсист. Чунин ақида боиси он мегардад, ки шахсони зӯроварӣ содиркарда аксар вақт беҷазо мемонанд, худро озод ҳис намуда зӯровариашонро давом медиҳанд. Зӯроварӣ нисбати занон проблемаест, ки ба бисёр омилҳои дигар дахл мекунад. Ҳама бояд фаҳманд, ки зӯроварӣ дар оила кори шахсии ҳар як оила нест, балки проблемаи ҷамъиятист. Воқеан, аз 19 марти соли 2013 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Пешгирии зӯроварӣ дар оила» қабул шуд, ки мувофиқи он зарбу лат, таҷовуз ба номус, фишороварии равонӣ ва иқтисодӣ дар оила ҷиноят ҳисобида мешавад. Ва ин масъала таҳти назари давлат қарор дорад. Аз ин рӯ ҷомеа набояд, ки нисбати ин масъала бетараф монад.

Орзухон Ғаниева, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Насл” дар мавзӯи “Старегияи пешвоӣ” бо истифода аз слайд-презентатсия маърӯзаи пурмуҳтаво намуд.

Дар анҷоми нишаст таъкид шуд, ки мавқеи занон дар ҷомеа яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеа мебошад. Аз ин рӯ, раёсати донишкада бо дарназардошти воқеияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва хусусиятҳои фарҳангиву анъанавӣ шаклҳои мухталифи сиёсати беҳгардонии шароити занонро ба таври хос ба назар гирифта, барои боз ҳам хубтару беҳтар гардонидани фаъолияти онҳо талош меварзад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд