(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фирўза Нуруллозода ба манзили омўзгори фанни забон ва адабиети рус Екатерина Половинкина, ки дар Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд тибқи шартномаи байнидавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия фаъолияти педагогӣ дорад, ташриф намуда, мавсуфро аёдат карда, аз вазъи зиндагӣ ва фаъолияти педагогиаш пурсон шуд.

Фирўза Нурулозода зимни дидор ба Екатерина Половинкина гуфт, ки ба шарофати сиёсати инсондўстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин муносибатҳои гуногунҷанбаи ҳарду мамлакат сол аз сол рӯ ба беҳбудӣ оварда истодаанд, ки ин ба манфиати мардумони ду ҷониб мебошад. Ҷалби омўзгорони рус барои таълиму тадриси хонандагони макотиби миёнаи Тоҷикистон аз намунаи олии ин ҳамкориҳо мебошад.Гузаронидани машғулиятҳо аз ҷониби омўзгорони соҳибтаҷрибаи Федератсияи Руссия дониши хонандагони шаҳрро дар самти омўзиши забони хориҷи такмил бахшида, барои васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо мусоидат хоҳад намуд.

Екатерина Половинкина аз ин таваҷҷуҳ ва эҳтиром нисбаташ ба роҳбарияти шаҳри Хуҷанд баён дошта, аз ҷумла изҳор дошт, ки шаҳри бостонии Хуҷанд барояш аллакай бегона нест. Соли сеюм аст, ки дар асоси шартномаҳои байнидавлатӣ ба хонандагони шаҳри Хуҷанд дарс меомўзонад. Урфу одат, хонаву манзил, бозору маърака, меваю таъомҳои болаззати хуҷандиён барояш хеле писанд аст. Дар раванди таълиму тарбия аз тамоми имконоту василаҳо истифода намуда, баҳри ғанӣ гардонидани дониши хонандагон малака ва истеъдодашро сафарбар хоҳад намуд.

Бояд қайд намуд, ки Екатерина Половинкина, омўзгори фанни забон ва адабиёти руси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд буда, худ зодаи вилояти Нижновгороди Федератсияи Русия мебошад. Мавсуф дар асоси шартнома аз моҳи сентябри соли 2019 дар муассисаи таълимии " Гулчини маьрифат" ба ҳайси омўзгори фанни забон ва адабиёти рус дар синфҳои таълимаш бо забони русӣ дар синфҳои 6-10 дарс медиҳад.

Тибқи иттилоъи роҳбарияти Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд дар муддати фаьолияти кориаш ў худро ҳамчун омўзгори фаъол, эҷодкор ва масьулиятшинос нишон додааст. Чандин дарсхои намунавӣ ва чорабиниҳо дар мавзуъҳои " Тоҷикистон, ватани азизам!", " Победа-одна на всех","Сделаем вместе","Тотальный диктант", викторинаи " Все о Есенине" семинар дар мавзуи " «Классификация ошибок при проверке и оценке контрольных и творческих работ по русскому языку и литературе», "Масленица " ва ғайраҳо бо ҳамроҳии хонандагони муассиса баргузор намудааст. Мавсуф пайваста барои такмили дониши худ корбарӣ менамояд. Екатерина Половинкина бо Маркази фарханги Русия дар шаҳри Хуҷанд ҳамкории зич дорад. Муносибаташ бо ҳамкорон самимӣ аст.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби муассиси Муассисаи таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Гулчини маърифат»-и шаҳри Хуҷанд барои Екатерина Половинкина тамоми шароити зист муҳайё карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки нахустин гурӯҳи омӯзгорони рус бори нахуст соли 2017 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафарбар шуда буданд. Ба иттилои Вазорати маориф ва илм, маоши омӯзгоронро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси мувофиқати ду кишвар пардохт карда, бахши иловагии маблағҳои онҳоро Вазорати маорифи Россия пардохт мекунад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд