(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Истифодаи самараноки замин ва таъмири хушсифат дар Беморхонаи № 2 шаҳри Хуҷанд.Бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти кории кормандону табибон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи шаҳрии № 2 омад. Дар оғоз Раҷаббой Аҳмадзода аз гармхонаи ин ҷо дидан намуд. Муассисаи табобатии мазкур соли гузашта гармхонаи худро бунёд намуд, ки дар он гулҳои ороишии гуногун парвариш ёфта дар фасли гармо майдону атрофии табобатгоҳ гулзор карда мешаванд. Ҳоло саҳни ҳавлии бо гулҳои «Марҷонгули маҳаллӣ», «Тоҷи хурӯс» ва дигар намуд гулҳои маҳаллӣ оро дода шудааст, ки дар гармхонаи худи беморхона парвариш ёфтааст. Раиси шаҳри Хуҷанд доири иҷроиши супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бобати истифодабарии самараноки замин дар беморхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуд. Дар майдонҳои саҳни ҳавлӣ ҳазор бех ниҳоли помидор, боимҷон, қаламфури булғорӣ 60 бех дарахти зардолу шинонда шудааст, ки барои хӯроки беморон истифода шуда, ба кормандону табибон низ дода мешавад. Боми бинои ошхона бошад ба масоҳати 400 метри мураббаъ тунукапӯш гардидааст, ки дар як вақт имкони бо маҳал хӯроки гарм таъмин намудани беморони хоҳишманд низ пайдо гаштааст.
Беморхонаи мазкур соли равон бо маблағи наздик 138 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд аз таъмири хушсифат бароварда шуда, аз ҳисоби суратҳисоби махсуси беморхона иловатан таҷҳизотҳои ташхисию муолиҷавӣ харидорӣ карда шудааст. Раҷаббой Аҳмадзода аз утоқҳои кори табибон ҳуҷраҳои муоинаю ташхис дидан намуда, бо табибону ҳамшираҳои шафқат сӯхбат анҷом дод. Баъди ба анҷом расидани таъмир беморхона имкон пайдо намуд, ки боз чанд таҷҳизоти муосирро мавриди истифода қарор диҳад.
Дар беморхонаи мазкур 18 нафар табибон аъолият бурда 70 % духтурон дараҷаи олии касбӣ доранд.
Ҳангоми сӯҳбати бо сардухтури беморхонаи Баҳодур Мӯъминов Раиси шаҳри Хуҷанд доири сифати хизматрасонӣ, таъминоти саривақтии доруворӣ, омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳ намуд. Маълум гашт, ки алҳол роҳбарияти муассиса бобати ба кор ҷалб намудани духтурони ташхиси ренген, эҳё чораҷӯӣ намуда истодаанд.
Барои васеъ намудани имконият ва шароити беҳтари қабулу муолиҷаи беморон Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарияти беморхона дастуру супориши мушаххас дод.