(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанди бостонӣ бо мақсади истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақша чорабиниҳои таҳиягардида силсилаи корҳои ободониву созандагӣ бо маром идома дорад.

Тибқи дастуру нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», корҳои ободонию бунёдкориҳои ҳудуди муассиса ҷоннок карда шуд.

Имрӯзҳо аз ҷониби кормандони муассиса ва пудратчиёни муайяншуда майдони ҳудуди корхона азнавсозӣ гардида, мошинсарой ва ва техникаву таҷҳизоти он ба тартиб дароварда шуда истодааст. Барои ин кор аллакай беш аз 30 нафар кормандон ва техникаву таҷҳизоти муосир сафарбар карда шуданд, ки дар ин самт муташаккилона заҳмат кашида истодааст.

Бояд қайд намуд, ки баҳри рушди корхонаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Лоиҳаи “Идоракунии партовҳои сахти маишии шаҳри Хуҷанд” амалӣ шуда истодааст, ки дар доираи он таҷдиди корхона ва харидории техникаву таҷҳизоти хизматрасон роҳандозӣ гардида, ба сифати хизматрасонии корхона таъсири мусбат расонидааст. Алҳол дар ин самт бунёди бинои мошинсарой ва толори таъмиру таҷҳизоти техникаҳои корхона бомаром идома дорад, ки дар ояндаи наздик таъмиру таҷдиди техникаҳои муассиса дар худи КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд» роҳандозӣ карда мешавад.

Ҳамзамон бунёди сохтмони як нуқтаи мошиншӯйӣ низ ҷараён дорад, ки дар оянда тозагии доимии техникаву таҷҳизоти хизматрасони муассисаро таъмин хоҳад намуд.

Бояд қайд намуд, ки КВДК «Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд», ягона муассисаи коммуналии шаҳр мебошад ва он реҷаи кори худро дар 3 баст ба роҳ монда, аз ҳудуди шаҳр партовҳоро ба партовгоҳи шаҳри Хуҷанд мекашонад. Дар корхона 175 нафар фаъолият дошта, 22 адад нақлиёти партовкашон ҳамарӯза дар 3 баст фаъолияти пурсамар дошта, партовҳоро сари вақт аз ҷойҳои муайяншуда мегиранд.

Аз фаъолияти бонизоми корхонаи мазкур тозагии шаҳр ва саломатии сокинони вобастагӣ дорад. Кормандон ҳамарўза ҷиҳати саривақт гирифтани партов аз ҳудуди шаҳр фаъолнокӣ зоҳир намуда, масъулияти ҷиддӣ дар самти тозагии шаҳр ва ороста намудани кўчаву хиёбонҳоро ба уҳда гирифтаанд.

Воқеан ҳам сокини шаҳри Хуҷанд будан ифтихор аст. Барои ба ин ифтихор сазовор гаштан ҳар як сокини шаҳрро зарур аст, ки фарҳанги шаҳрнишиниро риоя намуда, дар хуррамгардонӣ, ободиву зебоӣ ва тозагии маркази маъмурии вилояти Суғд саҳм гузорад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд