(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

«Бозингарон» дар саҳнаи театр.

Дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ маркази вилоят намоишномаи кори дипломии хатмкунандагони шӯъбаи актёрӣ, аз рӯи асари Н. В. Гогол «Бозингарон» баргузор гардид. Хатмкунандагон давоми чаҳор сол дар факултаи санъати Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд таҳсил намуда, ба онҳо устодон Умар Алиев, Насриддин Маликов, Бароат Мақсудова ва дигарон таълим доданд.
Нақшҳои асосиро чаҳор нафар хатмкунандагон Убайдулло Миродиев -накши Ихарев, Эҳсон Ҳомидов-нақши Утишительный, Акмал Абдураҳмониён-нақши Кругел ва Иноят Султонов-нақши Швахнёвро иҷро намуданд. Дар нақшҳои умуми донишҷӯёни солҳои таҳсили дуюм ва сеюм ширкат намуданд.

Коргардони намоиш Қурбон  Бобоҷонов буда, дар маҳорати актёрӣ Умар Алиев бо коргардон ҳамкорӣ намудааст.
Ду нафар хатмкунандагон У. Миродиев ва А. Абдураҳмониён таҳсили худро дар Донишгоҳи фарҳанги шаҳри Москва идома дода, Э. Ҳомидов дар Театри тамошобини наврас ба номи О. Назаров ва И Султонов дар Театри давлатии мазҳака-мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ чун ҳунарманд фаъолият хоҳанд кард.
Раиси имтиҳони давлатӣ Одилҷон Назаров нисбати маҳорати актёрии хатмкунандагон баҳои баланд дода, изҳори умедворӣ намуд,ки маҳорату дониши онҳо дар оянда дар ин ҷода сайқал хоҳад ёфт.