(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДирўз зимни як боздид Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз фаъолияти КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» ошноӣ пайдо намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки ду сол қабл бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи лоиҳаи «Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Хуҷанд», ки бо маблағгузории Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд дар шаҳри Хуҷанд амалӣ мегардад, 100 адад автобусҳо харидорӣ ва имрўз дар хизматрасонии мардум қарор доранд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбат бо роҳбарони лоиҳа ва КДК «Нақлиёти мусофиркашони шаҳри Хуҷанд» баҳри роҳандозии низоми хуби хизматрасонӣ ба мусофирон, риояи одоби шаҳрдорӣ дастуру супоришҳо дода, таъкид дошт, ки ронандагон пеш аз ҳама баҳри беосеб расонидани мусофирон ва риояи вақти ҳаракат дар хатсайрҳоро таъмин намоянд. Ҳамзамон дастур дода шуд, ки ҷиҳати ҳарчи зудтар пурра роҳандозии пардохти кортӣ тадбирҳо андешида шаванд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд