(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар микроноҳияи 13-уми шаҳри Хуҷанд азнавсозии кӯдакистони №35 бомаром идома дорад ва аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода боздид ба амал овард.

Тавре, иттилоъ дода шуд, ки кўдакистони мазкур бинобар ниёз ба таҷдиду азнавсозӣ доштанаш, 20 сол инҷониб фаъолият надошт. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар 5 бинои ин муассисаи таълимӣ аз ҷониби ширкатҳои ватании ҶДММ “Муҳандис” ва ҶДММ “Юсуф 2016” бо харҷи лоиҳавии 9 миллион сомонӣ оғоз гардида, бомаром идома дорад. Фармоишгари сохтмон идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд мебошад. Кўдакистони мазкур барои 320 нафар тарбиятгиранда пешбинӣ шудааст. Зимни азнавсозии кўдакистон тамоми имконоти инфрасохтори муосир ба назари эътибор гирифта шудааст.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба масъулини сохтмон ҷиҳати анҷом додани корҳои сохтмонӣ ва ба назари эътибор гирифтани талаботи замони муосир дар раванди таълиму тарбия дастуру супоришҳо дод.

Ҳамзамон ба масъулини Корхонаи давлатии “Истифодабарии манзили соҳили рост”-и шаҳри Хуҷанд бобати батартибдарории ҳудуди муассисаи таълимӣ, ороиши биноҳои баландошёна, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабз ва гулу гулбуттаҳо машварат дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд