(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Раиси шахри Хучанд дар Занги камолот.

Субҳи имрӯз дар тамоми мактабҳои маркази вилоят бахшида ба интиҳои соли хониш чорабинии «Занги камолот» баргузор гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд дар «Занги камолот»-и мактаби таҳсилоти умумии № 21 шаҳри Хуҷанд иштирок намуд.
Сарвари мактаб Файзуллоҷон Файзиев баъди муаррифии меҳмонон суханро ба Раиси шаҳри Хуҷанд дод.
Раҷаббой Аҳмадзода доири дастовардҳои соли хониши сипаригашта ҳарф зада изҳори умедворӣ намуд, ки ҷавнонписарону духтарон баҳри интихоби дуруст дар шоҳроҳи зиндагӣ ва хизмати сазовори ватани маҳбуби сайю кӯшиш хоҳанд кард.
«Дар соли таҳсили 2013-2014 омӯзгорону хонандагони шаҳр ба муваффақияту комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд.

Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои таълимӣ 15 нафар хонандагони шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин яке аз натиҷаи беҳтарин дар вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 38 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд.”
Лозим ба ёдоварист,ки мавсими имсолаи хонишро 2119 нафар толибилмон синфи 11 ва 2899 нафар хонандагон синфи 9-умро хатм менамоянд ва 10 нафари онҳо ба сифати довталабони медалҳои тилло ва нуқра пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин 29 нафар хонандагони фаъолу пешқадам сазовори Идрорпулии Раиси шаҳр гардиданд.
Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд доири пешгирӣ намудани ҳолатҳои сар задани ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонону наврасон ба гурӯҳҳои иртиҷоӣ ҳарф зада ҳозиронро даъват намуд, ки нисбати ҳама гуна ҳолат ва зуҳуроти пайдоишии ин гуна омилҳо оштинопазир бошанд.
Ба чанд нафар аз муаллимони мактаб, ки собиқаи зиёди меҳнатӣ доранд ва хонандагони фаъол Ифтихорномҳои Мақмоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд супорида шуд.