(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altCубҳи имруз бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри ғанӣ ва фаровон намудани дастархони мардум ва захиранамоии маводи озуқа дар фасли тирамоҳу зимистон дар мавзеъи назди театри Хоҷа Камоли Хуҷандии шаҳри Хуҷанд ярмарка фурӯши фаровони маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ва саноат сурат гирифт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуда, бо харидорон ва фурӯшандагон сӯҳбати озод ва мустақим дошт. Роҳбари вилоят таъкид намуд, ки ташкили чунин ярмаркаҳо тибқи дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ташкил карда мешавад, то, ки барои мардум нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дастрас бошад.

Дар ярмарка ба сокинони шаҳри Хуҷанд аз бозор 20-30 фисад арзиши маҳсулот пешкаш карда шуданд. Масалан нархи як кило гӯшти гов 40 сомонӣ, пиёз аз 1, 20 сомонӣ, сабзӣ 1,2 сомонӣ, шалғам ва турб 1, 50 дирам, картошка 2 сомонию 80 дирам, ухм 80 дирам, себ 4 сомонӣ, анор 5 сомонӣ ва ғайра арзиш доштанд. Як халтаи орди 50 килоиро бо арзиши 220 сомонӣ мефурӯхтанд. Маҷмуъан кишоварзони вилоят беш аз 60 тонна маҳсулотро ба харидоронро пешниҳод намуданд.

Мардум аз ин фаровонии ярмарка фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ изҳорӣ хушнудӣ намуда, ба ташкилкунандагони он арзи сипос намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд