(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фаъолони шаҳр муаррифии Раиси тозатаъини шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода баргузор гардид.

Раҷаббой Аҳмадзода, Раиси вилояти Суғд иттилоъ дод, ки имрӯз бо фармонҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати Роҳбарии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дигар мақомоти давлатӣ тағироти кадрӣ ба амал бароварда шуд. Ҳамин тавр, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маъруф Муҳаммадзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд озод карда шуда, ба ин вазифа тибқи як фармони дигар Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд таъин карда шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Фирдавс Шарифзода 16-уми феврали соли 1984 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2004 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм намудааст. Соли 2015 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо дипломи аъло хатм кардааст.

Мавсуф солҳои 2001-2003 дар вазифаи сармутахассиси Кумитаи ҳифзи табиати вилояти Суғд, солҳои 2003-2012 дар вазифаи мутахассиси пешбари шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2012-2014 дар вазифаи сармутахассиси бахши сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, солҳои 2014-2015 дар вазифаи мудири бахши Агентии давлатии ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кор кардааст. Аз моҳи апрели соли 2015 то декабри соли 2018 Омири кулли Палатаи савдо ва саноати вилояти Суғд буд. Аз 12-уми декабри соли 2018, то ба имруз дар вазифаи Раиси шаҳри Гулистон фаъолияти пурсамар дошт.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Маъруф Муҳаммадзода барои фаъолияти назаррас ва созандааш давоми беш аз 3 соли роҳбарӣ ба яке аз шаҳрҳои калонтарини ҷумҳурӣ изҳори миннатдорӣ намуда, барои фаъолияти минбаъдааш дар дигар ҷода комёбиҳо орзу намуд.

Маъруф Муҳаммадзода миннатдории хешро ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои боварӣ дар фаъолияти наздик 4 солаи хеш ба ҳайси шаҳрдорӣ изҳорӣ миннатдорӣ намуда, таъкид дошт, ки дар оянда низ баҳри шукофоӣ ва рушди босуботи кишвар саҳмгузорӣ хоҳад намуд.

Зимни сӯҳбат Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд барои иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои роҳбарияти вилоят бурдбориҳо таманно намуд. Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷуҳи шаҳрдори навро ҷиҳати барои боз ҳам рушд бахшидаи маркази маъмурии вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд, корҳои бунёдкориву ободонӣ, рушди соҳаи саноат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва ҷалби сармоя ба рушди шаҳрсозӣ дастуру ҳидоятҳо намуд.

Фирдавс Шарифзода иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Хуҷанд барои боварӣ ба эътимод ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода миннатдорӣ баён намуда, таъкид дошт, ки тамоми дониш, таҷриба ва қувваи худро барои боз ҳам тақвият бахшидани соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи шаҳр сафарбар хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд