(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Озмуни ҳунармандони наврас.

Бо ташаббуси Бахши занон ва оила ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд дар Маркази таҳсилоти иловагии шаҳри Хуҷанд озмуни ҷавнондухтарон таҳти унвони «Ҳунар чашмаи зоянда ва давлати поянда» баргузор гардид. Он тибқи барномаи давлатии тайёр намудани мутахассисон ва таъмини шуғли ҷавнондухтарон барои солҳои 2012-2015, дарёфти ҳунармандони миллӣ, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии занон пешбинӣ шудааст. Озмун байни муҳассилини 6 муассисаҳои таълимии маркази вилоят баргузор гашта, иштирокдорон дар шартҳои зардӯзӣ, йӯрмадӯзӣ қуроқдӯзӣ маҳорати баланд нишон дода, аз ҷониби ҳакамон баҳои махсус гирифтанд.
Аз рӯи натиҷаҳои озмун ҷойи аввал насиби Гимназияи №24, ҷойи дуюму сеюм бошанд, мактаби таҳсилоти умумии № 10 ва 14 сазовор гаштанд. Ба ғолибон ҷоизаҳои хотиравӣ супорида шуд.