(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт мулоқоти донишҷӯён бо муовини сардори шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Даврон Раҳматзода, сардори шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, подполковники милитсия Карим Раҳимзода ва нозири шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи шуъбаи БДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд, капитани милитсия Ҷаҳонбин Ҳакимзода баргузор гардид.

Кормандони ШБДА РВКД ҶТ дар вилояти Суғд зимни баромади худ оид ба пешгирии садамаҳои нақлиётӣ, вазъи садаманокӣ дар миқёси вилоят ва сабабҳои содиршавии онҳо иттилоъ дода аз ҷумла афзуданд, ки бештари шумораи ҳодисаҳои роҳу нақлиётие, ки дар ҷаҳон рух медиҳанд, дар натиҷаи омилҳое ба амал омадаанд, ки ба ҳамагон маълуманд ва онро дар айни замон метавон пешгирӣ ва чораҷӯӣ намуд. Аз ҷумла, баланд намудани суръати ҳаракат дар роҳ, ҳангоми мастӣ рондани воситаи нақлиёт, набастани тасмаи бехатарӣ, ҳангоми рондани нақлиёт суҳбат кардан бо телефон, аҳамияти ҷиддӣ зоҳир накардан ба иштирокчиёни роҳи пиёдагард омилҳоеянд, ки дар сурати пешгирии он метавон пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро гирифта, бехатарии ҷони худ ва дигаронро таъмин созем.

Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон ба ҳар 10 ҳазор нафар аҳолӣ 1,6 ҳолати садамаи нақлиётӣ рост меояд. Ин омор дар Қазоқистон 9,9 ва дар Қирғизистон 9,4 ҳолатро ташкил медиҳад.Дар ин росто, мукаммал намудани меъёрҳои ҳуқуқии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис¬тон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ» талаби замон ва ба манфиати ҷомеа аст, зеро самти қонуни мазкур ба таъмини бехатарии ҳаракат дар роҳ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва амволи шаҳрвандон, ба баланд бардоштани интизом ва маданияти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва самаранокии фаъолият дар танзим ва бехатарии он бевосита мусоидат хоҳад кард.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд