(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altСубҳи имруз дар тамоми идораву ташкилот ва муассисаҳои шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш ва чорабиниҳои гуногун баргузор гардид.

Дар Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд вобаста ба нақшу хидматҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди босубот хоҷагии халқи мамлакат, бахусус дар соҳаи тандурустӣ ҳамоиш баргузор гардид.

Сардори Марказаи назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд Тахмина Усмонова баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки аз саҳифаҳои таърих дар ёд дорем, ки 16-уми ноябри 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон салоҳияти муҳими давлатдориро Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зимма гирифтанд. Мақсад аз рӯзи ид муайян кардани рузи 16 ноябр дар он ифода меёбад, ки ибтидо аз ҳамин рӯзи тақдирсозу муайянкунандаи рушди минбаъдаи бомароми Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ яъне тибқи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикитсон идоракунии президентӣ оғоз ёфта, Президенти тозаинтихобгардида ба вазифа шуруъ намуданд.

Тахмина Усмонова афзуд, ки таърих исбот кардааст, ки дар ҳама давру замон Сарвар ва Пешвои дурандеш, пеш аз ҳама, ба ду омили аслии рушди ояндаи миллат – таълиму тарбия ва ҳифзи солимии ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ба мардуми шарифи мо чун рӯз равшан аст, ки Сарвари хирадманди мо ба ин ду соҳаи ҳаётан муҳим дар бештари баромадҳову мулоқотҳояшон диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ҷиҳати беҳтарсозии ин бахшҳо пайваста иқдомоти муассир меандешанд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ба таъмин намудани солимии аҳолӣ, пешгирии бемориҳои гуногуни сироятӣ, баланд бардоштани сифати кумаки тиббиву санитарӣ, назорати бехатарии маводи доруворӣ ва тарбияи кадрҳои баландихтисоси соҳа борҳо таъкид карда, солимии миллатро боигарии давлат номидаанд.

Сарвари давлат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.12.2018 зикр карда буданд, ки “мо ба солимии ҷомеа ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мунтазам тавсеа ва таҳким бахшида истодаем. Давоми се соли оянда дар мамлакат беш аз 560 беморхонаву марказҳои саломатӣ ва дигар иншооти соҳаи тандурустӣ бунёд карда мешаванд”.

Таъкид шуд, ки аз рӯзҳои тасдиқи қайди бемории сироятии коронавирус то ба имрӯз тамоми тадбирҳо ва ғамхориҳои пайваста аз ҷониби Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарӣ ва назорати бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешида шуда истодааст.

Чорабинӣ бо изҳору андешаву мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд