(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Қарраева, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода, роҳбарони муассисаҳои тандурустии шаҳру вилоят, раисони маҳаллаҳои шаҳр ва дигар масъулини дахлдор ҷаласаи навбатии ситоди мазкур баргузор гардид.

Нахуст, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Фируза Нуруллозода доир раванди пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 ва табобати он маълумоти муфассал дод.

Таъкид шуд, ки бо дастгирии Роҳбарияти давлату ҳукумат баҳри муборизаи беамон алайҳи хатарҳои бемории сироятии нави короновирус тамоми тадбирҳо андешида шуда, дар ин самт маводҳои зарурӣ, аз қабили ниқобу антисептикҳо, либосҳои муҳофизатӣ, доруворӣ ба қадри кофӣ захира карда шудаанд. Ҳамзамон тибқи нақшаи пешбинишуда дар ҷойҳои осебпазир корҳои безараргардонӣ гузаронида шуда истодаанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Ализода зимни баромади худ зикр дошт, ки давоми солҳои охир бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар вилояти Суғд таъмиру барқарорсозии бунгоҳҳои тиббӣ, марказҳои саломатӣ, беморхонаҳои ноҳиявӣ, марказҳои будубоши рӯзона, хонаҳои маъюбону пиросолон ба ҳукми анъана даромада, дар ин самт аллакай корҳои назаррас ба анҷом расонида шудаанд. Чанде қабл гурӯҳи корӣ бо фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ ва омодагии онҳо ба давраи зимистон, таҳлили вазъи санитарию эпидемиологӣ, пурзӯр намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар самти пешгирии бемории COVID-19 ва баррасии дигар масъалаҳои соҳа боздид намуда, баъдан бо мақсади таҳлил ва баррасии вазъи санитарию эпидемиологӣ, махсусан пешгирӣ ва табобати бемории COVID-19 бо иштироки гурӯҳи кории вазорат, роҳбарият ва намояндагони як қатор сохторҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷаласаҳои корӣ доир кард.

Намояндаи ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ дар Тоҷикистон Бахтигул Қарраева дар ҷаласаи ситод баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки имруз дар баробари дигар шаҳру навоҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд низ алайҳи бемории короновирус мубориза шадид идома дорад, кормандони соҳаи тандурустӣ бо нишон додани қаҳрамониҳои бемисл алайҳи ин бемории ҷаҳонгир бо усулҳои муосир муқовимат намуда истодаанд. Дар ин ҷода соҳаи тандурустӣ танҳо нест, мо ҳис мекунем, ки тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи ҷумҳурӣ якдилона сафарбар гардида, баҳри муборизаи беамон алайҳи ин вабои ҷаҳонӣ бурда истодаанд. Шеваи мубориза бо ин беморӣ тибқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ ба роҳ монда шудааст.

Раиси шаҳри Хуҷанд, раиси Ситоди шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани чораҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз интиқолу паҳншавии бемории сироятии COVID-19 Маъруф Муҳаммадзода таваҷҷуҳи ҳозиринро ба ҷараёни корҳои пешгирӣ аз паҳншавӣ ва раванди муолиҷа бемории коронавирус «Covid-19» ҷалб намуда, ҷиҳати баррасии мушкилоти ба миён омада аз соҳаҳои дахлдор пурсиш ба миён оварда, дастуру супоришщо дода шуд. Бахусус ҷоннок намудани фаъолияти корҳои тарғиботиро ҷиҳати риояи қоидаҳои беҳдоштӣ байни мардум мущим арзёбь гардид. Ҳамчунин ҷиҳати назорати қатъии баргузории тӯю маъракаҳо, фаъолияти тарабхонаву марказҳои савдо, муассисаҳои соҳаи маориф дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд