(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо ворид намудани Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани Суруди миллии Чумҳурии Тоҷикистон дар толори Кохи фарҳангии «Суғдиён»-и шаҳри Хуҷанд маҷлиси тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони милитсия баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода кулли кормандони милитсия ва собиқадорони соҳаро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ дар Тоҷикистон бо иқдом ва заҳматҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити ниҳоят вазнину душвор фаъолияти худро оғоз намуд. Аз ташкилёбии он, ки имрӯз солҳо сипарӣ мегардад, дар ин муддат ба ӯҳдаи кормандони мақомоти корҳои дохила вазифаҳои басо мураккаб гузошта шуда, аз онҳо маҳорату ҷасорати махсус ва меҳнати содиқонаю софдилонаро талаб мекард.

Ҳайати шахсӣ ва кормандони ин мақомот ҳамчун ҳомиёни боэътимоди давлат ва ҷомеа аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин, хусусан дар солҳои барои таърихи навини Тоҷикистон ҳассос бо матонату шуҷоат ва далериву мардонагӣ гузаштаанд.

Барои пойдории Тоҷикистони азизамон, аз ҷумла беҳтарин кормандони мақомоти корҳои дохила, аз ҷумла шуъбаи корҳои дохилаи шаҳри Хуҷанд низ ҷони худро қурбон намуданд, ки хотираи онҳо дар дилҳои мо абадӣ боқӣ мемонад.

Маҳз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи баланд бардоштани инфрасохтори мақомоти корҳои дохилӣ, сатҳи касбият ва маърифати хуқуқии кормандони милитсия ҳар як корманди бонангу номус ва содиқ ба Ватанро водор месозад, ки дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ боз ҳам ҷиддитару бомасъулият рафтору муносибат намояд.

Таъкид шуд, ки мақомоти корҳои дохилӣ вазифаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти ҷомеа, таҳкими волоияти қонун, ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои қонунии муассисаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ, ташкилотҳои шакли моликияташон гуногун ва коллективҳои меҳнатӣ, мубориза бо ҷинояткориро ба уҳда дошта, дар сохтори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон яке аз мақомҳои намоёнро соҳиб мебошад.

Таъмин намудани тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирӣ кардани ҳуқуқвайронкуниҳо ва андешидани чораҳои қонунӣ нисбат ба шахсоне, ки кирдорҳои ғайриқонунӣ ва амалҳои ҷиноятӣ содир намудаанд, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар байни ноболиғон, гардиши ғайриқонунии силоҳ, таъмини риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва масъалаҳои дигар вазифаи муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ мебошад.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо борҳо дар баромадҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.

Дар ин раванд, бояд диққати асосӣ ба пешгирӣ намудани шомилшавии сокинони шаҳр ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки зуҳур кардани созмону равияҳое, ки характери ифротгароию террористӣ доранд, на танҳо барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои дигар ниҳодҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ низ ташвишовар аст ва ҳар чи зудтар пешгирию муборизаи ҷиддиро тақозо мекунад. Чунки гурӯҳҳои ҷиноятпешаи террористӣ бо тарғиботу идеологияҳои ботили худ ба шуури инсоният, бахусус ҷавонону наврасон таъсири зишт расонида, ақидаву афкори мардумро ба зиндагии хушу озод тағйир дода, бо ин васила сафи ҳаммаслакони худро зиёд месозанд, ки ба халалдор шудани амният ва вазъи сиёсии давлат оварда мерасонад. Фаъолияти назарраси мақомоти корҳои дохилӣ дар ин самт бо истифода аз аз роҳу усулҳои хоси оперативӣ, ки натиҷаҳои самарабахш дода истодааст, бозгӯйи он аст, ки мақомоти милитсия ҳамқадами замон аст.

Иттилоъ дода шуд, ки кормандони милитсия ҳамеша дар байни аҳолии шаҳр чорабиниҳои фаҳмондадиҳии пешгирикунанда доир карда истоданд, то ҷавонони мо аз пайравӣ ва шомилшавӣ ба ҳар гуна равия ва ҷараёнҳои ситезагаро худдорӣ намоянд. Чунин тарзи ҳамкории милитсия бо мардум натиҷаҳои хуб дода истодааст.

Саҳм ва иштироки шаҳрвандон низ дар пешгирии ҷиноятҳо ва ҳамкории онҳо бо милитсия рӯз то рӯз беҳтар мегардад. Метавон аз фаъолияти назарраси ҷавонони фаъолу ватанпарварвар, ки бо номи «Дружиначиёни ихтиёрӣ» шинохта мешаванд, изҳори сипос кард. Илова бар ин, ҷавонони фаъол бо мо дар ҳамкории зич қарор доранд, ки дар ташвиқу тарғиби ғояҳои ватандӯстӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ саҳмгузорӣ намуда истодаанд.

Шаҳрдор хитобан ба кормнадони милитсия гуфт, ки масъулияте, ки бар дӯши худ доред, аз ҳар кадоми шумо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва суботу оромии кишварро мехоҳад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад”.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад.

Ҳар қадаре ки шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин бошад, ҳамон қадар қудрату тавоноии давлат зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мешавад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори умедворӣ намуд, ки аз афсарони баландрутба то хизматчиёни қаторӣ минбаъд низ барои ҳифзи тартибот, таъмини зиндагии осоиштаи мардум, пуштибонии сулҳу субот ва таҳкими волоияти қонун дар ҷомеа нерӯи ҷисмонӣ, маҳорати касбӣ ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу Ватани азизамон беғаразона ва бо дасту дили пок ва содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.

Сипас, сардори ШВКДҶТ дар шаҳри Хуҷанд полковники милитсия Илҳом Қосимзода номаи табрикотии Вазири корҳои дохилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Рамазон Раҳимзодаро ба муносибати Рузи милитсияи тоҷик ба самъи ҳозирин расонд.

Сипас ба як қатор кормнадони фаъол рутбаҳои навбатӣ ва ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Барномаи рангини фарҳангӣ табъи ҳозиринро болида намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд