(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

altДӯстони азиз!
Дар кишвари азизи мо, Тоҷикистон Рӯзи умумиҷахонии муҳити зист аз соли 1988 ва ҳамчун иди давлати бошад аз соли 2008 инҷониб дар сатҳи баланд қайд карда мешавад.
Таҷлилнамоии ин рӯз бо мақсади ба масалаҳои глобалӣ муҳити зисти сайёра таваҷҷӯҳ намудани сокинон равона гардидааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯхтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди қабули барномаи махсуси Созмони Миллали Муттаҳид, ки даҳсолаи охирро «Соли оби тоза» эълон гаштааст, ташаббускори асосии қабули он буданд, ки яке аз қисматҳои муҳими амалисозии нигоҳдории сайёраи замин аз ҳар гуна омилҳои таъсиррасони экологӣ маҳсуб меёбад. Бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд муовини аввали Раиси Маҷлиси Милли Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯхтарам Абдураҳмон Қодирӣ дар шаҳри Хуҷанд «Соли ободкорӣ ва гулкорӣ» эълон гаштааст. Корҳои ба сомон расонда гувоҳи онанд,ки  зебогии атроф ва муҳити он аз ҳар яки мо вобаста аст.
Имрӯз вазифаи басо масъулиятнок ба дӯши кормандони ин соҳа вогузор аст. Онҳо ҳамарӯза фаъолияти худро дар асоси Барномаи давлатии эколгӣ барои солҳои  2009 - 2019, Консепсияи ҳифзи муҳити зист, қонунҳо дар бораи маърифати экологии аҳолӣ ба роҳ мондаанд.
Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати шаҳри Хуҷанд аз санаи 21 май дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд аксияи «Интихоби ман – муҳити тоза» баргузор гардида истодааст. Аз оғози аксия, яъне аз санаи 21 то 5 июни соли ҷорӣ дар нуқтаҳои қабул назди даромадгоҳҳои мағозаҳои «Авесто», «Анис», «Оазис» ва майдони бозори «Панҷшанбе» беш аз 26 ҳазор адад лампаҳои каммасрафи корношоями симобдор ҷамъ карда шудааст.
Бо истифода аз фурсат ҳамаи Шуморо бо ин рӯз табрик намуда, хоҳони онам, ки диёри мо Тоҷикистони ҳамешасабзу офтобӣ ҳамеша обод ва хуррам бошад.

 

Раиси шаҳр                                              Раҷаббой Аҳмадзода