(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ХИЗМАТ ДАР САФИ МИЛИТСИЯ - ШАРАФИ БУЗУРГ

Кулли кормандон ва собиқадорони мақомоти милитсияи шаҳри Хуҷандро ба ифтихори ҷашни касбӣ, яъне Рўзи милитсияи тоҷик самимона табрик гуфта, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату сарбаландӣ ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихоратон комёбиҳо орзу менамоям.

Пешрафти давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зимаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Мақомоти милитсияи тоҷик аз рӯзҳои аввали ба даст овардани Истиқлолияти давлатии ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, дар якҷогц бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад.

Таъкид кардан ба маврид аст, ки мардум ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад.

Ҳар қадаре ки шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таъмин бошад, ҳамон қадар қудрату тавоноии давлат зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинони шаҳр таъмин мешавад.

Рўйдоду таҳаввулоти пурпечутоби ҷаҳони имрўза, бахусус ҷангу нооромиҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани миллионҳо нафар мардуми бегуноҳ, хароб гардидани садҳо шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозад.

Дар назди милитсия вазифаҳои муҳим ба монанди тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ меистанд. Ин нуктаҳо мунтазам дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода садо медиҳад.

Имрўз бо боварӣ метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳамчун як шохаи муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри оромиву осудагии халқ, амну субот ба кор мебаранд ва сулҳу оромиро дар кишвар пойдор созанд. Давлату ҳукумат меҳнату заҳматҳои собиқадорони милитсияро ҳаргиз фаромўш намесозад, зеро онҳо беҳтарин лаҳзаҳои умри худро сарфи ҳифзи осоиштагии мардум намудаанд.

Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳрро ба ифтихори ҷашни касбӣ табрик гуфта, дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият, ки ба нафъи давлат, ватан ва халқи Тоҷикистон нигаронида шудааст, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, кормандони милитсия!