(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altКОНСТИТУТСИЯ – КИТОБИ САОДАТИ ХАЛҚ

Ҳамшаҳриёни азиз!

Аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ҳамаи Шумо сокинони сарбаланди Хуҷандшаҳри бостониро бо Рўзи қабули Конститутсия, ки барои мардуми кишварамон санади сарнавиштсоз аст, табрику муборакбод намуда, бароятон пеш аз ҳама саломатии комил, осмони софу беғубор, зиндагии орому осуда ва саодатмандию сарбаландӣ таманно менамоям.

Қабули Конститутсия арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвар дар роҳи расидан ба марҳалаи нави рушду инкишоф ва муаррифии кишвари соҳибистиылоли тоҳик дар арсаи олам мебошад.

Бистушаш сол муқаддам дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқи тоҳик қабул гардид ва ин рўзи воқеан таърихиро ҳар сол ба таври шоиста таҷлил мекунем. Воқеан, дар айёми ниҳоят ҳассоси таърихӣ бо қабули Конститутсия мардуми Тоҷикистон бори дигар собит намуд, ки ҳеҷ душвориву мушкилот, аз ҷумла ҷанги таҳмилии ба сари мардуми тоҷик ва тоҷикистонӣ омада, наметавонад пеши роҳи бунёдкориву созандагӣ, адолатпешагиву росткории сокинони сулҳдўсти кишвари моро бигирад.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Бузургӣ ва аҳамияти ин санади муҳими таърихӣ, пеш аз ҳама, дар он ифода меёбад, ки Конститутсия бори нахуст аз ҷониби худи халқ ва барои халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст».

Талаботи муҳими Конститутсия эҳтиром, риоя ва иҷрои ҳатмии меъёрҳои он ва қонунҳо мебошад. Зеро қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ омили асосӣ ва зарурии суботу оромии ҷомеа ва дар ин замина пешрафту рушди он аст.

Қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол дар таърихи навини кишвар рўйдоди сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва рушди устувори Ватани азизамон гардид. Таҳти роҳбарии Ҷаноби олӣ мо дар даврони соҳибистиқлолии кишвар ба шарофати эҳтиром ва амалишавии меъёрҳои Конститутсия, тавонистем ҷомеае бунёд намоем, ки дар он фазои озоду демократӣ ҳукмфармо ва суботи сиёсиву ваҳдати миллӣ, пешрафти бемайлон ва пойдориву устувории давлату миллат таъмин гардидааст.

Ин аст, ки сол аз сол, зина ба зина зиндагии мардум беҳтару дастархонаш ободтар гардида истодааст. Бо риояи ыонуну ыонуният мо ба зиндагии шоистатаре хоҳем расид ва кишвару шаҳри худро ободтару шукуфонтар хоҳем кард.

Бори дигар, кулли мардуми шарафманду сарбаланди Хуҷандшаҳрро бо Рўзи қабули Конститутсия, ки он китоби бахт маҳсуб меёбад, самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо хушиву хурсандӣ, иқболи баланд ва файзу баракат орзу мекунам.

Бигзор Конститутсия абадан чароғи роҳнамо ва муайянкунандаи самти роҳи пешгирифтаи миллати мо ва муттаҳидкунандаи ҷомеаи навин бошад!

Саломату сарбаланд бошед, ҳамшаҳриёни азиз!