(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд машғулиятҳои курси мактабии навбатии «Зан ва сиёсат» оғоз гардид.

Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занони шаҳри Хуҷанд дар оғози машғулият изҳори умедворӣ намуд, ки шунавандагон аз омўзишҳои ин курс аз устодон, занони роҳбар, сиёсатмадорони варзида, устодон барои худ дониш ва аз таҷрибаи бойи эшон бардоштҳои муҳим ва зарурӣ мегиранд. Иттилоъ дода шуд, ки курси мазкур низ дар асоси татбиқи нақшачорабинии барнома роҳандозӣ гардида, соли 5 аст,ки таҳти унвонҳои «Духтарони Пешво»,«Зан роҳбар»,«Зан-сарвар», «Мактаби сарварони ҷавон», «Зан ва сиёсат» доир гардида, то имруз зиёда аз 130 нафар занону духтарон ин курсро хатм намуда, соҳиби шаҳодатнома гардиданд.

Дар машғулияти нахустин Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд, сиёсатмадори варзида, ки дар ҳамаи зинаҳои роҳбарӣ фаъолияти босамар дошт ва барои халқу ватан хизматҳои шоиста намудаааст Шуҷоат Ҳасанова барои шунавандагони курс машғулият гузаронд.

Таъкид шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии бевоситаи Президенти Чумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷкистон тавонист, ки барои беҳбудии вазъи занон таваҷҷуҳи хоса зоҳр намояд. Таҳия ва қабул гардидани як қатор барномаву стратегияҳо ва санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ дар самти беҳдошти вазъи занон (баномаҳои давлатӣ, конститутсия ва конунҳо) барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зуроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Азин ҷост, ки бо мақсади ҷалб ва пешбарӣ намудани занҳо ба вазифаҳои роҳбарикунанда бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 ноябри соли 2016, № 496 Барномаи давлатии «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022» қабул гардид, ки барои баланд бардоштани обрўву нуфузи зани тоҷик дар арсаи сиёсат ва афзудани теъдоди занон дар сатҳи роҳбарикунанда замина гузошт.

Таъкид гардид, ки имрўзҳо дар сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, корхонаю муасссиаҳо шумораи занонзиёд гардида, дар вазифҳои гуногун пурмаҳсул меҳнат намуда истодаанд. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳанд, ки дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг, тандурустӣ зиёда аз нисфи кормандонро занон ташкил медиҳанд.

Аз 88 ҳазору 800 нафар занону духтарони шаҳри Хуҷанд 26 нафарашонро хизматчиёни давлатӣ ташкил медиҳанд. Ҳамчунин 1 нафар муовин ва 5 нафар мудирони шуъбаю бахшҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр мебошанд.

Ҳоло 1 нафар узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2 нафар вакилони маҷлиси шаҳрӣ ва 15 нафар (8) вакилони маҷлиси шаҳрӣ мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки ба курси мазкур 20 нафар донишҷӯёни фаъоли макотиби олӣ ҷалб гардида, он хафтае 2 маротиба рузҳои сешанбе ва панчшанбе соати 14.00 оғоз мегардад. Ҳамагӣ 12 машғулиятро дар бар мегирад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд