(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ ба манзили Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона ҳозир шуда, мавсуфро бо ҷашни милодаш табрик намуданд.

Таъкид шуд, ки Устод Фарзона бо эҷодиёти рангину дилнишин ва саршор аз гавҳару ҳикмат дар таърихи адабиёти навини тоҷик саҳифаи дурахшонеро боз кардааст. Суханвари мумтози давр ибтидои солҳои 80-и асри гузашта ба майдони адабӣ омада, аз нахустин чакидаҳои хомааш диққати аҳли илму адабро ба худ мутаваҷҷеҳ сохт ва дар тўли беш аз сӣ соли фаъолияти пурбаракати эҷодиаш зиёда аз даҳ китоби ашъори ноби хешро ба табъ расонид, ки маҷмўаҳое чун “Тулўъи хандарез”, “Шабохуни барқ”, “Ояти ишқ”, “То бекаронаҳо”, “Меъроҷи шабнам”, “Як ғунча роз”, “Мўҳри гули мино”, “Сад барги ғазал”, “Саду як ғазал”, “Себарга”, “Парниёни ҷон” ва китоби сеҷилдаи “Қатрае аз Мўлиён” аз он ҷумлаанд. Ин маҷмўаҳои пурмояву рўҳнавоз, ки бар асари заҳматҳои пайваставу сангини муаллиф ва бар ивази қатраҳо аз хуни ҷигар кам кардани ў рўи саҳфа омадаанд, далели равшани лаёқати барҷастаи шоирӣ ва истеъдоди фитрии эҷодии эшон ба шумор меоянд. Мавзўъ ва мундариҷаи ашъори шоира хеле фароху доманадор ва амиқу нишонрас буда, кулли ин осор бо диду тафаккури тоза ва ба хотири ба назми асили ниёгон баробару ҳампоя кардани шеъри имрўзи тоҷик иншо шудаанд.

Воқеан ҳам Фарзона бо эҷодиёти нодиру нотакрори хеш, ки ҳосили омезиши муваффақонаи анъанаву навоварии адабист, ба назми муосири тоҷик рўҳу оҳанги тоза дамонид, онро дар сатҳи адабиётҳои пешрафтаи форсизабонони олам қарор дод. Муҳимтарин сифати ғоявию эстетикии ашъори ў ифодаи фикру андешаҳои ҷолибу бикр, тару тозагии тасвир, бадеияти волои калом, дарёфти мазмунҳои ғайримунтазира ва бозёфтҳои шигифтангези шоирона мебошад.

Фарзонаро ба маънои томи сухан шоири навҷўву тасвиргаро, шоири ватанхоҳу ватансаро медонанд, зеро ҳисси баланди худогоҳиву хештаншиносӣ, ифтихор ва нангу номуси миллӣ, эҳтиром ба таърихи шукўҳманди халқу ватани хеш аз ҳар мисраву байти ашъори рўҳбахши ў баръало эҳсос мешавад, ки шеърҳои “Аҷам бедор мегардад”, “Ватан”, “Ҳамосаи Ватан”, “Ватан, бо ту ҳарфи ниҳон менависам” ва “Дидори Бухоро” ҷолибтарин намунаҳо аз ин хирвори пурборанд.

Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рўдакӣ, Устод Фарзона аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, роҳбарияти вилоят ва шаҳр арзи миннатдорӣ намуда, зикр дошт, ки минбаъд низ андешаи ватандўстиву ватанпарварӣ ва ҳамдилу ҳамқисмати дар ашъори хеш инъикос хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд