(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Бо иқдоми шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд ҷиҳати дар сатҳи баланд истиқбол намудани ҷашни 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон гардидани солҳои 2019-2021 ва баҳри хуррамнамоии муҳити атроф аксияи «Тозагии соҳил» гузаронида шуд.

Иштирокдорони аксия бо амалӣ намудани корҳои дастаҷамъона соҳили дарёи Сирро аз партовҳои маишӣ ва алафҳои бегона тоза намуда, ба ҳусни дарёи беназир дар Осиёи Миёна ҷилои нав бахшиданд. Зимни аксия кормандони мақомоти ҳифзи муҳити зист аз сокинони ин маҳал даъват ба амал оварданд, ки соҳили дарёро тозаю озода нигоҳ доранд ва ҳисси эҳтиром ба манбаи ҳаёт — обро ба ҷой оранд.

Таъкид шуд, ки ба роҳ мондани корҳои ободонию созандагӣ, беҳбуд бахшидан ба вазъи экологии маҳаллаҳо ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ дар маҳаллаҳои шаҳр ба кори доимии шаҳрвандон мубаддал гардад. Ин воситаи муҳими тарбияи ватандўстӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии сокинон ва меҳмонони шаҳри бостонии Хуҷанд аст. Мо бояд маҳалли зист, шаҳр ва Ватани маҳбубамонро танҳо худамон тозаву хуррам ва ободу мунаввар намоем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд