(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt Санаи 29.10.2020 дар гимназияи №1 ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои маорифи шаҳри Хуҷанд баргузор гардид. Ҷаласаро бо сухани ифтитоҳӣ мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд Муҳайё Акмалхӯҷаева Ҳалимовна ифтитоҳ бахшида, таъкид намуд, ки мо бояд бо масъулияти баланд ба таълиму тарбияи шоистаи насли наврас машғул гардем ва барои ислоҳи саривақтии камбудиҳои мавҷуда чораҳои қатъӣ андешем.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи маорифи шаҳр Муҳайё Акмалхӯҷаева аз мулоқот ва вазифагузориҳои Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадюсуф Имомзода ёдовар гардида, директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳоро муаззаф намуд, ки бо масъулияти баланд ба рисолати касбии хеш муносибат карда, барои афзун гардонидани дастоварду комёбиҳои устодону шогирдонашон тадбирҳои судмандро ба роҳ монанд. Ҳамчунин мудири маориф аз камбудию норасоиҳо дар самти ба кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон, омодагӣ ба зимистонгузаронӣ, пешгирӣ аз бемории короновирус, ба таври кофӣ захира намудани маводҳои антисептикӣ, хлор ва дигар моддаҳои тамизкунанда, норасоии китобҳои дарсӣ, тайёрии ҳаматарафа ба дарсҳо, иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, дастгирии ятимони кул, вазъи ҷинояткорӣ, фаъолияти равоншиносон, вазъи обуна ба нашрияҳои даврӣ, пешниҳоди прокуратура ва ғайраро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, барои ислоҳи саривақтии камбудиҳо дар муҳлати нишондодашуда дастуру супоришҳо дод.

Дар поёни ҷаласа дар вазъияти тантанавӣ барои фаъолияти пурсамар, дастовардҳои арзанда дар таълиму тарбияи насли наврас ва саривақт таъмин намудани маъракаи обуна ба як қатор директорони муассисаҳои таълимӣ ва мудирони кӯдакистонҳо сипосномаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд тақдим гардид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд