(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Амадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода собиқадори арсаи меҳнати хизмати давлатӣ Хосият Зокироваро аёдат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода аз таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба пирони рўзгордида, бахусус занону модарон ёдоварӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зиндагиномаи ҳар як шахсиятҳои маъруфи Тоҷикистон як мактаби таҷрибаи ҳаёт мебошад. Аз ин лиҳоз омӯзиши ҳаёту фаъолияти онҳо дар тарбияи эҳсоси наҷиби ватандӯстӣ, садоқату хизмат ба Ватан ва худшиносии миллӣ зарур аст.

Бояд қайд намуд, ки Хосият Зокирова 30-юми июни соли 1936 дар оилаи хизматчӣ чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Аз соли 1960 то соли 1964 дар мактаби ҳаштсолаи № 17-уми ноҳияи Ашт ба ҳайси сарвар, аз моҳи августи соли 1964 то соли 1965 ҳамчун методисти шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе фаъолият бурдааст. Минбаъд фаъолияти меҳнатии худро дар шуъбаи кор бо ноболиғони комиҷроияи шаҳри Хуҷанд, ҷонишини директор оид ба корҳои беруназсинфии мактаби миёнаи № 12-и шаҳри Хуҷанд идома додааст.

Аз соли 1971 то соли 2002 дар вазифаҳои мухталифи ҳукумати вилояти Суғд кор кардааст. Маҷмуан Хосият Зокирова 58 соли умри хешро сарфи фаълият дар умури давлатӣ намудааст.

Хосият Зокирова барои дарки масъулияти баланд ва ҳисси меҳнатдўстӣ борҳо бо мукофотҳои соҳавию давлатӣ, аз ҷумла, бо унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» ва «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сарфароз гардидааст.

Хосият Зокирова аз ин таваҷҷуҳи Роҳбарияти Давлату Ҳукумат арзи миннатдорӣ намуда, барои амну осоиштагии кишвари маҳбубамон-Тоҷикистони азиз дуои хайр намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд