(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

alt

Омӯзгорон ва хонандагони арҷманд!
Дар кишвари хуршедию соҳибистиқлоли мо – Тоҷикистони гулафшон як соли хониши дигар сипарӣ шуда, дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ «Занги камолот» садо медиҳад. Ба ин муносибат кулли омӯзгорону хонандагон ва махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии шаҳрро табрику таҳният гуфта, барояшон саломатии комил, рӯзгори фараҳбахш, файзу иқболи зиндагӣ, роҳи сафед ва барору комёбиҳоро таманно менамоям.
Соли хониши 2013-2014 - ро аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо руҳияи баланди шукргузорӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон истиқбол намуда, дар давоми соли таҳсил ба дастовардҳои назаррасу шоиста ноил гардиданд.

Дар Паёми навбатии Сарвари давлат дар назди наврасону ҷавонон ва муассисаҳои таълимӣ вазифаҳои мушаххас оиди баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, омӯзишу истифодаи технологияи ҷадид, забономӯзӣ, ҷалби донишҷӯёну хонандагон ба корҳои илмӣ - тадқиқотӣ, баргузории имтиҳонҳо ба тариқи марказонидашуда дар Маркази миллии тестӣ, навоварию ихтирокорӣ, тарғиби варзиш ва таҳкими ҳаёти солим, пешгирӣ аз гароиш ба ҳизбу равияҳои иртиҷоӣ ва экстремистиву террористӣ, болотар аз ҳама тарбияи ҷавонон дар рўҳияи худшиносӣ, худогоҳӣ, ифтихор аз Ватан, эҳтироми арзишҳои гузаштаву имрўзаи миллӣ гузошта шуд. Мо боварӣ дорем, ки омӯзгорону хонандагон Паёми Президенти Тоҷикистонро ҳамчун роҳнамо сармашқи кори худ қарор дода, барои ободию шукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Соли 2014 бо пешниҳоди Раиси вилояти Суғд муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ Соли роҳҳои обод эълон гардид ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ин солро Соли ободонӣ ва гулкорӣ эълон карда, ба ин васила шаҳри бостонии Хуҷанди ҳамешаҷавон боз ҳам зеботару ободтар ва шукуфонтар мегардад. Ин ибтикороти мақомотро дар баробари дигар қишрҳои ҷомеа аҳли маориф низ ба хушнудӣ истиқбол намуда, дар муассисаҳои таълимӣ ҳазорҳо бех ниҳолу гулҳои рангоранг шинониданд, ки ин амали неки онҳо ҳусни шаҳрро боз ҳам зеботар ҷилвагар мегардонад.
Мавриди зикр аст, ки дар соли таҳсили 2013-2014 омўзгорону хонандагони шаҳр ба муваффақияту комёбиҳои назаррас мушарраф гардиданд. Аз ҷумла, дар Олимпиадаи ҷумҳуриявии хонандагон аз фанҳои таълимӣ 15 нафар хонандагони шаҳр ба гирифтани ҷойҳои ифтихорӣ ноил гардиданд, ки ин яке аз натиҷаи беҳтарин дар вилоят ва ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Дар озмуни ҷумҳуриявии Академияи хурди илмҳо 38 нафар толибилмон сазовори ҷойҳои якум, дуюм ва сеюм гардиданд. Дар озмуни вилоятии “Техникони наврас” ду нафар соҳиби ҷойи аввал ва 2 нафар сазовори мақоми сеюм гаштанд. Шогирдони литсейи тоҷикию туркии шаҳри Хуҷанд дар озмунҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Гурҷистон, Руминия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия ва ИМА фаъолона иштирок карда, сазовори медалҳои тилло ва нуқра гардиданд ва парчами Тоҷикистонро бо донишу хониши худ дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Имсол дар муассисаҳои таълимии шаҳр 2119 нафар толибилмон синфи 11 ва 2899 нафар хонандагон синфи 9-умро хатм менамоянд ва 10 нафари онҳо ба сифати довталабони медалҳои тилло ва нуқра пешниҳод гардидаанд. Ҳамчунин 29 нафар хонандагони фаъолу пешқадам сазовори Идрорпулии Раиси шаҳр гардиданд.
Албатта, комёбиҳои аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд хеле назаррас мебошанд ва мо бо чунин омўзгорон ва хонандагони фаъолу эҷодкор ва лаёқатманд ифтихор менамоем.
Хатмкунандагони азиз!
Ин лаҳзаҳо қалбҳои Шуморо фараҳу шодӣ ва ҳаяҷони гуворо фаро гирифтааст. Чунки Шумоён дар лаҳзаҳои бароятон хотирмону тақдирсоз ва пурфайзу шукуҳ, лаҳзаи занги камолот қарор доред. Бале, имрӯз занги охирини рӯзҳои мактабӣ садо медиҳад, вале бояд донед, ки ин занги аввалинест дар шоҳроҳи мустақили зиндагӣ.
Бори дигар ба муносибати анҷоми соли хониш ҳамаи Шумоён омӯзгорон ва хонандагони арҷмандро табрику муборакбод намуда, бароятон сиҳату саломатӣ, саодати рӯзгор ва дастовардҳои нави таълимиро таманно менамоям.


Раиси шаҳри Хуҷанд                                             Раҷаббой Аҳмадзода