(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз бо садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Маркази фарҳанги шаҳр иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода бо иштироки муоивини Раиси вилояти Суғд Анвар Яъқубӣ, вакилони халқ, ҳамчунин роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, муассисаҳои тандурустӣ, дорухонаю клиникаҳои шахсии тандурустӣ, намояндагони воситаҳои ахбори умум оғоз гардид.

Баъди гузаронидани муқарроти расмии иҷлосия аз рўи масъалаи якуми рўзнома "Дар бораи рафти иҷрои қарори Раиси вилояти Суғд аз 14 марти соли 2018, №89 “Дар бораи эълон намудани 1300 рўзи меҳнати зарбдор ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд муовини Раиси шаҳр Аюб Раҳматзода маърӯза намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни бошукўҳи миллӣ 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми кўшишу ғайрати худро равона сохта, дар ин давра як қатор корҳоро ба сомон расонид. Баҳри тақвияти корҳои ободониву бунёдкорӣ ва амалӣ гардонидани нақшаи чорабинии мазкур, ки аз 341 банд иборат буда, сохтмон, бунёд ва таъмиру таҷдиди зиёда аз 510 иншооти гуногуни соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр ба назар гирифта шудааст, танҳо соли ҷорӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр 3 маротиба ситоди корӣ гузаронида шуда, ба масъулину аъзоёни гурўҳи корӣ вазифагузориҳои мушаххас дода шуд. Ин буд, ки дар нуҳ моҳи соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода садҳо адад иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуданд.

Боиси хушнудист, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар ин давра ду маротиба ба шаҳри Хуҷанд сафарҳои корӣ ба анҷом расонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳҳо иншоотҳои гуногуни иҷтимоию истеҳсолӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Аз ҷумла, дар доираи таҷлили ҷашни Наврўзи ҷаҳонӣ аз ҷониби Пешвои муаззами миллат тибқи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Боғи фарҳангӣ – фароғатии ба номи Абўмаҳмуди Хуҷандӣ ва расадхона дар маҳаллаи Дўстии халқҳо, Маркази ташхисию табобатӣ дар маҳаллаи Навбаҳор, Маркази савдо ва хизматрасонии “Мавҷ” дар маҳаллаи “Мевағул”, ифтитоҳи корхонаи истеҳсоли профилҳои пластикии дару тирезаҳои ҶДММ “Корхонаи муштараки Тоҷикистону туркии “Афранг-Пластик” ва коргоҳи коркард ва бандубасти асали филиали ширкати канадагии “Хантана Канада ИНК” дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд, корхонаи коркарди меваи хушки ҶДММ “Хуҷанд-Агро” дар минтақаи саноатии шаҳр мавриди истифода қарор дода шуда, баҳри боз ҳам зебову гуворо гардонидани симои шаҳри бостонии Хуҷанд ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар доираи сафари дуюми худ ба шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Сарвари давлат дар рўзҳои таҷлили ҷашни Ваҳдати миллӣ боз як қатор иншооти истеҳсолию маишӣ аз ҷумла, ифтитоҳи коргоҳи дўзандагии Суғдиён дар маҳаллаи Темурмалик, барои 150 ҷойи корӣ, ифтитоҳи Маркази савдо ва хизматрасонии “Хуҷанд Плаза”, воқеъ дар кўчаи ба номи Рифъат Ҳоҷиеви шаҳр, барои 15 ҷойи корӣ ва ифтитоҳи иншооти “Хатти обрасонӣ аз чашмаи Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов ба шаҳри Хуҷанд” марҳилаи аввали он “Таҷдид ва зиёд намудани иқтидорҳои истгоҳи №4” КВДК “Хуҷандобуканал бо таъсиси 10 ҷои корӣ амалӣ гардонида шуда, боиси хушнудии сокинони Хуҷандшаҳр гардид.

Илова бар ин, дар ин давра дар маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд зиёда аз 71 адад иншооти гуногуни истеҳсолию маишӣ, аз ҷумла кошонаҳои ҳусн, марказҳои таълимӣ-омўзишӣ, устохонаҳои таъмирӣ ва марказҳои савдо ва хизматрасонӣ бунёд, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдид гардида, мавриди истифода қарор дода шуданд.

Аюб Раҳматзода афзуд, ки дар маҷмўъ дар ин давра дар асоси 88 банди нақшаи чорабинӣ корҳо амалӣ шуда, 4 адад корхонаҳои истеҳсолӣ, 2 муассисаи ташхисию табобатӣ, 1 боғи фарҳангию фароғатӣ, 1 расадхона, 2 маркази хизматрасонӣ, 4 бинои истиқоматии баландошёна, 1 иншооти хати обрасонӣ, 74 нуқтаи савдо ва хизматрасонӣ ба маблағи 121 миллиону 754 ҳазор сомонӣ бунёд ва таъмиру таҷдид гардида, дар ин замина 605 адад ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуд. Тибқи иҷрои банди 1-и нақшаи чорабинии мазкур ҷиҳати вусъат додани корҳои ободонӣ ва кабудизоркунӣ дар шаҳр тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, дар ин давра, дар самти таъмини устувории экологӣ дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 3 ҳазору 482 адад дарахтони ороишии сояафкани ҳамешасабз, зиёда аз як миллиону 570 дона гулҳои ҳархелаи ороишию маҳаллӣ ба монанди буттагули садбарг, хризонтема, виола, кана, тагатес ва 481 ҳазору 195 дона пиёзаки гули лола шинонида шуд.

Доир ба иҷрои банди 8-и нақшаи чорабинӣ дар мавриди чароғонкунии кўчаву хиёбонҳои шаҳр низ корҳо бо маром идома дошта, дар ин давра, дар кўчаю хиёбонҳо ва майдонҳои ҳудуди шаҳр 825 адад лампаҳо, фурўзонакҳои каммасраф, чароғакҳои ҳархела ва равшанкунакҳои светодиодӣ, 7 ҳазору 290 метр ноқилу симҳои барқӣ насб карда шуда, 63 адад биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ рангубор, 9 ҳазору 984 метри мураббаъ боми биноҳо, 122 адад даромадгоҳҳо, 6 адад лифтҳо ва 705 метр қубурҳои обу ташноб таъмир ва иваз карда шуданд. Баҳри иҷрои корҳои мумфаршкунӣ, тибқи иҷрои банди 11-и нақшаи чорабинӣ дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд таъмиру мумфаршкунии 32,08 км роҳҳои автомобилгард, аз ҷумла 21,08 км таъмири асосӣ ва 11 км таъмири ҷории роҳҳо ба нақша гирифта шуда, то имрўз 13,5 км роҳҳо аз таъмиру мумфаршкунӣ бароварда шуданд. Дар маҷмўъ давоми солҳои 2018-2020 208 банди нақшаи чорабинӣ амалӣ гардонида шуда, дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 473 адад иншооти гуногуни иҷтимоию маишӣ ва савдою хизматрасонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта шуданд, ки ин иҷроиши 92,7 фоизи иншоотҳои ба нақша гирифташударо дар бар мегирад. Бояд қайд кард, ки дар рўзҳои таҷлил аз ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи нақшаи чорабиниҳои 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як қатор иншооти ҷашнӣ, аз ҷумла Маркази байналмилалии савдо ва хизматрасонии “Сомон Плаза” дар хиёбони Исмоили Сомонӣ, дармонгоҳ ва бинои хизматии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии вилоят дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Хуҷанд, бинои нави Муассисаи давлатии «Маркази ҷарроҳии дилу шараёни вилояти Суғд» воқеъ дар хиёбони Р.Набиев ва хати нави истеҳсолӣ дар корхонаи дўзандагии ҶДММ «Нассоҷи Хуҷанд» мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд.

Дар анҷоми суханронии худ муовини Раиси шаҳр Аюб Раҳматзода таъкид дошт, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд баҳри амалӣ намудани бандҳои Нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамарўза корбарӣ намуда, барои дар сатҳи баланди омодагию ташкилӣ ва бо дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол намудани ҷашни бузурги миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ хоҳад андешид.

Аз рӯйи масъалаи мазкур вакилони халқ Носир Ғафурзода ва Манучеҳра Кенҷазода баромад намуданд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ҷиҳати тақвият додани корҳои ободонӣ бахшида ба 30 солагии Истиқлолияти давлатӣ ва пеш аз муҳлат иқро намудани нақша-чорабиниҳо ба масъулини дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод.

Сипас, дар ҷараёни иҷлосия «Ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд оид ба масъалаҳои сохтмон, саноат ва энергетика, нақлиёту коммуникатсия, хоҷагии манзилию коммуналӣ, савдо ва хизматрасонӣ ба аҳолӣ” аз ҷониби вакили халқӣ Иброҳим Ғафуров ва «Ҳисоботи вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд аз ҳавзаи интихоботии Раззоқ, №1 Хуршед Ғафуров шунида шуд.

Вакилони халқӣ зимни баррасии масъалаи чоруми рўзномаро “Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба буҷети шаҳри Хуҷанд барои семоҳаи сеюми соли 2020” мавриди баррасӣ қарор дода, онро якдилона қабул намуданд.

Дар ҷараёни иҷлосия аз ҷониби вакилон якчанд қарорҳои Раиси шаҳри Хуҷанд мавриди баррасӣ қарор дода шуда, тасдиқ гардиданд.

Анвар Яъқубӣ, муовини Раиси вилояти Суғд доир ба масъалаҳое, дар иҷлосияи имрўза баррасӣ гардиданд, андешаронӣ намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд, Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳр Маъруф Муҳаммадзода кори иҷлосияро натиҷагирӣ намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳар кадоми моро зарур аст, ки барои боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳри азизамон содиқона заҳмат кашем, корҳои бунёдкориву созандагӣ, дигаргуниҳои иқтисодиву иҷтимоиро ба роҳ монда, соҳибкориву сармоягузориро такон бахшем ва ҳарчӣ бештар ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда, самаранокии идоракунии давлатиро таъмин гардонем. Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру вазифагузориҳои Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро барои пешрафти давлати соҳибихтиёри худ ва ба қатори кишварҳои пешрафта ва мутамаддини дунё расонидани Тоҷикистони азизамон таъмин намуда, барои ободии кишварамон, пойдории сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти иқтисоди миллиамон ва амалӣ гардидани ҳамаи ҳадафҳои неки давлату Ҳукумат бо азму талоши дучанд заҳмат мекашем.

Бо садо додани Суруди миллӣ ба кори иҷлосияи сеюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд, даъвати шашум ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд