(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар ҳамаи 64 адад участкаҳои интихоботии шаҳри Хуҷанд омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ-Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муташаккилона идома дорад.

Дар участкаҳои интихоботӣ тибқи талаботи Комиссияи марказии интихобот ва раъйгидиҳии Тоҷикистон марҳила ба марҳила силсилаи корҳо анҷом дода шуда, мавзеъҳои интихоботӣ бо таъмини тамоми шароити зарурӣ ба ин ин маъракаи муҳими сиёсӣ омода мешаванд.

Ҳамзамон барои риояи қоидаҳои беҳдоштӣ ҳангоми раъйдиҳӣ дар интихоботи президентӣ аз ҷониби Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии шаҳри Хуҷанд машваратҳо бо раис ва масъулини участакаҳои интихоботӣ гузаронида шуда, дастурамали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин самт шарҳ дода истодаанд.

Зимни машваратҳо таъкид гардида истодааст, ки тартиби ташкили корҳои пешгирикунанда оид ба хатари паҳншавии бемории сироятии COVID 19 ва дигар бемориҳои сироятӣ барои комиссияҳои интихоботӣ дар давраи омодагӣ ва гузаронидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади андешидани чораҳои қатъии пешгирикунанда ва зиддиэпидемикӣ, инчунин ҳимояти фардии шаҳрвандон дар шароити пайдоиш ва паҳншавии бемориҳое, ки барои инсон хавфнок аст, таҳия ва иҷрояш ба ӯҳдаи комиссияҳои интихоботӣ гузошта шудааст.

Қитъаҳои интихоботӣ муваззафанд, ки қабл аз маъракаи раъйгирӣ биноҳои интихоботӣ, маконҳои онро зиддиуфунӣ карда, онҳоро бо зарфҳои воягиранда, собун, маҳлулҳои зиддиуфунӣ, ҳароратсанҷҳои фосилавӣ, сачоқҳои яккарата ё хушккунаки барқӣ таъмин намоянд ва ҳавои ҳуҷраҳои кориро ҳар 2 – 3 соат тоза кунанд.

Тибқи ин санад, барои гузаронидани маъракаи интихоботӣ бояд як бинои кушод интихоб шуда, дар дохили он мизу дастгоҳҳои техникии аъзои участкаи интихоботӣ дар фосилаи 1,5 – 2 метр ҷобаҷо ва рӯи фарш аломатҳои махсуси ҳаракат (роҳнамо) – и раъйгирандагон кашида шавад.

Тибқи талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ истеъмоли хӯроку нӯшокӣ, беҳуда ҳузур доштан дар бинои раъйдиҳӣ, бо даст салом кардану дигар тамосҳои ҷисмонӣ, истода суҳбат кардан ва бе зарурат ба ҳама сатҳҳои ҳудуди участкаи интихоботӣ, инчунин ба рӯй, чашм ва бинӣ даст расондан қатъиян манъ аст.

Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар ҳамаи участкаҳои интихоботӣ ҷиҳати талаботи қоидаҳои беҳдоштӣ шароитҳо муҳайё карда шудаанд ва ҳамзамон аз раъйдиҳандагон тақозо мегардад, ки ба саломатии худ беаҳамият набошанд.

Мутмаъин ҳастем, ки интихобкунандагон бо риояи қоидаҳои беҳдотӣ ба ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона ширкат варзида раъйи худро ба номзади арзанда ба маснади Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд