(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар шаҳри Хуҷанд бо ташаббуси Шуъбаи суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» ва дастгирии бевоситаи Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода бахшида ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ китоби наве ба унвони «Ҳабдаҳ чаман» (тарҷумаи 17 ғазали Камоли Хуҷандӣ ва 17 гуфтор дар бораи ӯ бо 8 забон) тариқи нашриёти «Хуросон» нашр гардид.

Китоб ҳадяи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 700-солагии Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, бо сарсухани Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо зевари табъ ороста шудааст. Мураттибони китоб Баҳром Раҳматов ва Фирӯза Қодирова мебошанд.

Ҷоизи қайд аст, ки тарҷума ва муаррифии эҷодиёти Хоҷа Камол ба забонҳои маъмули муҳовараи байналмилалӣ шаҳодати мавқеи беназири устодӣ, мақбулияти умумибашарӣ ва ғаномандиву рангорангии осораш мебошад. Мақсади асосии мутарҷимон зимни тарҷума шинос намудани хонандагони гуногунзабон (форсӣ-тоҷикӣ, англисӣ, олмонӣ, чинӣ, ӯзбекӣ, арабӣ, урдуӣ ва русӣ) бо намунаи эҷодиёти шоири мумтози тоҷик буд, ки бешубҳа дар ин кор муваффақ ҳам гардиданд. Тарҷумаи ғазалиёт ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, арабӣ ва чинӣ бори аввал бо дархосту супориши МД «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» сурат гирифтааст. Муассиса зимнан ба тарҷумонҳо А.Ҳайзер, А.Ғафуров, И.Дӯстализода изҳори сипоси самимӣ баён менамояд. Тарҷумаҳои боқимонда аз мунтахаботи тарҷумавии қаблан нашргардида ҷамъоварӣ шудаанд.

Дар гуфторҳо вобаста ба бузургии шахсият ва камолоти ҳунари маъниофарии ин шоири шаҳир арҷгузориву эҳтироми пайравону мухлисон иброз ёфтааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд