(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори муассисаи таълимии давлатии Мактаб барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳр Маъруф Муҳаммадзода ба муносибати Рӯзи омӯзгорон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Шаҳрдор кулли омўзгоронро бо иди касбиашон табрику таҳният гуфта, аз ҷумла афзуд, ки Давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди илму фарҳанг ва маънавиёти ҷомеа, махсусан ба таълиму тарбияи насли наврас эътибори аввалиндараҷа дода, барои пешрафти мактабу маориф ва тайёр намудани мутахассисони соҳиби донишу малакаи баланди касбӣ ҳамаҷониба мусоидат менамоянд. Чуноне ки Пешвои миллат таъкид менамоянд: «Ҳама гуна рушду пешравӣ танҳо дар фазои орому осуда ва сулҳу субот ба даст меояд. Хушбахтона, бо майлу ирода ва саъю кўшиши халқи азизамон, мо ба ин неъмати бебаҳо насиб гардидаем ва имрўз шукр мекунем, ки мардуми шарафмандамон ваҳдату ягонагиро омили муҳимтарини суботу пешрафти кишвар шуморида, барои ҳимояву бақои давлатдории миллии худ ва тақвияти иқтидори он содиқона заҳмат мекашанд. Аз ин рў, ҳар як фарди бонангу номуси мамлакат, бахусус устодону омўзгоронро зарур аст, ки қадру қимат ва аҳамияти истиқлолияту соҳибихтиёрӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ, инчунин муқаддасоти Ватанро ба шогирдони худ дуруст шарҳ диҳанд, онҳоро дар рўҳияи баланди ватандўстӣ, ҳисси миллӣ, худшиносӣ ва ифтихор аз Ватан ва давлати худ тарбия намоянд».

Таъкид шуд, ки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баҳри ташкили инфрасохтор ва дастгирии маънавии иқтисодии омўзгорон ҳамеша сайю талош меварзанд ва ин ҳама далел бар он аст, ки ҷойи омўзгор, мартабаи устод миёни ҷомеа дар ҷойи аввал меистад. Аз ҳамин нигоҳ, шахсияти омўзгор намунаи баланди одамият ва таҷассуми фазилатҳои писандида эътироф шуда, тавозўъ ва хоксориаш нишони арҷмандӣ, сарбаландӣ ва забардастии ўст. Ранҷу машаққат ва заҳмату шабзиндадориҳое, ки омўзгор барои тарбияи насли шоиста мекашад, сарчашмаи файзбахши зиндагист, ки қалби шогирдонро ҳар лаҳза шодоб месозад.

Таъкид шуд, ки касби омўзгорӣ муқаддастарин пеша ва асоси пешбурди ҷомеа аст. Омўзгор дар замири шогирдон тухми некиву накўкорӣ кошта, эҳсоси баланди шинохт ва дўст доштани Ватан, Модар, Миллатро бедор менамояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда,ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз баромадҳои худ дар васфи омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Иттилоъ дод шуд, ки воқеан ҳам Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти соҳаи маориф ҳамчун пойдевори рушду тараққиёти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа диққати махсус зоҳир намуда, ин равандро мунтазам идома медиҳад. Дар ин давра барнома ва консепсияҳои муҳими давлатӣ дар соҳаи маориф қабул гардиданд, ки барои амалӣ намудани ислоҳоти соҳаи маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори омӯзгорон ва сатҳи таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид. Ҳукумати Тоҷикистон бо дарназардошти аҳаммияти бузурги илму маориф дар ҳаёти ҷомеа ва давлат ба ин соҳа афзалият дода, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузории онро мунтазам зиёд карда, тасмим дорад, ки ин корро дар оянда боз идома бахшад. Дигар ин, ки ҳамасола шумораи аҳолии кишвар афзуда, маҳалҳои нави истиқоматӣ таъсис ёфта истодаанд, ки дар онҳо фароҳам овардани инфрасохтори иҷтимоӣ, алалхусус, бунёд намудани муассисаҳои таълимӣ ва пурра фаро гирифтани фарзандони сокинон ба таълиму тарбия аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷа ба ҳисоб меравад.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода зикр намуд, ки барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа ҳамасола муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид. Бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру вилоят ва кӯшишу ғайрати омӯзгорон, мактабҳои шаҳр ба соли хониши нав омода карда шуданд. Мактабҳо бо синфҳои муҷаҳҳазу муосири фаннӣ, техникаю технологияҳои замонавии таълимӣ таъмин шуда истодаанд. Омӯзгорони мо истеъдоди лаёқати илмомӯзӣ ва маърифати донишҳои замонавиро доро мебошанд ва шогирдонашонро бо ахлоқу одоби ҳамида ва бо рафтори шоиставу намунавӣ тарбия менамоянд. Маҳз натиҷаи чунин ғамхорию заҳматҳои Шумо омӯзгорон буд, ки имрӯз хонандагони мактабҳои мо дар олимпиадаҳои вилоятӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмиллалӣ пайваста ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Хуҷанд 96 муассисаҳои таълимӣ мавҷуд буда, аз он 49 то муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 47 то муассисаҳои таълимии томактабӣ, аз шумораи умумӣ 14 муассисаҳои таълимии ғайридавлатии хусусӣ фаъолият менамояд. Боиси зикр аст, ки дар соли 2020 дар шаҳри Хуҷанд 2 муассисаи таълимии ғайридавлатии Институти таълими ибтидоии «Аркон» ва муассисаи таълимии ғайридавлатии хусусии гимназияи “Эҳёи маънавият» таъсис дода шуда, ба фаъолият оғоз намуд. Муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо кадрҳои соҳибихтисос таъмин буда, омӯзгорон ва мураббиён мувофиқ иихтисос фаъолият мебаранд.

Баҳри таъмини дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба баланд бардоштани сифати таҳсилот аз фанҳои табиӣ, дақиқ ва риёзӣ кабинетҳои фаннӣ тибқи талаботи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон омода карда шуда, тамоми муассисаҳои таълимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ҷиҳозонида шудааст.

Барои беҳтар намудани сатҳу сифати таҳсилот ҷорӣ намудани усулҳои нави таълим, истифодаи воситаҳои техникӣ дар дарсҳо, тибқи талабот ҷиҳозонидани кабинетҳои фаннӣ, лабораторияҳои фаннӣ, кабинетҳои фанни омодагии дифои ҳарбӣ, китобхона, қироатхона, толорҳои варзишии замонавӣ ва ғайраҳо мусоидат намуда истодаанд.

Зикр гардид, ки доир ба иҷроиши қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 02.02.2018, №52 «Дар бораи Барномаи давлатии таъмини муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ бо кабинетҳои фаннӣ ва озмоишгоҳҳои муҷаҳҳази таълимӣ барои солҳои 2018-2020» тибқи нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи мазкур таҷҳизонидани 25 адад кабинетҳои фаннӣ, аз ҷумла кабинетҳои физика, химия, биология, технологияи иттилоотӣ, суруд ва мусиқӣ дар муҳлати 3 сол дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳр ба нақша гирифта шудааст.Айни замон, дар 47 муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ 71 синфхонаҳои компютерӣ амал мекунанд, ки дар он 1610 компютерҳо, принтерҳо 220 адад, тахтаи электронӣ 161 адад ва проектор 215 адад мавҷуд буда, ҳамаи синфхонаҳо ба шабакаи Интернет ва шабакаи дохилӣ пайваст карда шудаанд. Ҳамагӣ шумораи онҳо ба 1610 адад компютер, 220 адад принтер, 161 адад тахтаи электронӣ ва 215 адад проектор расида, ҳамаи компютерҳо пурра ба шабакаи Интернет пайваст мебошанд.

Дар соли 2020 муҷаҳҳазгардонии боз 10 кабинети фаннӣ аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба нақша гирифта шуда, он амалӣ шуда истодааст. Бояд қайд намуд, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ байни хонандагони синфҳои 11-ум 38 нафар ғолибони даври вилоятӣ иштирок намуда, 18 нафар ҷойҳои намоёнро ишғол намуданд. Дар соли таҳсили 2019-2020 озмуни барандагони Стипендияи Президентӣ баргузор гардид, ки дар он 34 нафар хонандагони болаёқати муассисаҳои таълимии шаҳр иштирок намуданд. Дар соли таҳсили 2019-2020- 7 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд бо аттестати аъло ва медали тиллою нуқра хатм карданд, ки ин боиси ифтихор ва таҳсини маорифчиёни шаҳр аст.

Маъруф Муҳаммадзода гуфт, ки доир ба раванди татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” вақтҳои охир таваҷҷуҳи аҳли ҷомеа ва падару модарон ба донишомӯзии фарзандон торафт зиёд гардида, талоши падару модар ҷиҳати ба дасти омӯзгори ботаҷриба ва ба мактаби дорои шароити хуби таълиму тарбия супоридани тақдири фарзандон эҳсос карда мешавад. Устодону омӯзгорон дар ҳамкорӣ бо падару модарон ва аҳли ҷомеа ҷиҳати иҷро ва риояи минбаъдаи қонуни зикршуда чораҷӯӣ карда, барои ҷалби ҳарчи бештари фарзандон ба таҳсилоти иловагӣ, аз ҷумла маҳфилҳои омӯзишӣ, азхудкунии ҳунарҳои мардумӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастии онҳо тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намоянд. Тавре, ки зикр намудем, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати соҳаи маориф таваҷҷўҳи махсус зоҳир намуда, пайваста ба омўзгорон ғамхорӣ зоҳир менамоянд. Вобаста ба имконот дар кишвар давра ба давра маоши омўзгорон ва дигар кормандони соҳаи маориф зиёд карда мешавад. Дар ин раванд, тибқи дастуру супоришҳо ва иқдомҳои неки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри пешбурди соҳаи мактабу маориф, ҳавасмандгардонии омўзгорону толибилмон, бунёд ва таъмиру тармими муассисаҳои таълимӣ тадбирҳои созандаро амалӣ менамоянд, ки қобили арзёбии аҳли диёр мебошад. Дар ин замина вобаста ба эълон гаштани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва касбӣ низ эҳё ва рушди ҳунарҳои миллӣ, курсҳои махсуси ҳунаромӯзӣ, бахусус курҳои махсуси ҳунаромӯзӣ барои духтарон ба роҳ монда шудааст. Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале ифтихорист. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода дар анҷоми суханронии худ изҳори боварӣ намуд, ки ҷавобан ба ғамхориву таваҷҷўҳи ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омӯзгорон бо ғайрату кўшиши дастҷамъона, саъю талоши пайваста барои ободии Ватани азизамон, барои таҳкими Ваҳдати миллӣ, Истиқлолияти давлатӣ, густариши худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори ватандории шогирдон, барои вусъати корҳои ободонию созандагӣ дар хоки поки муқаддаси ватанамон саҳмгузор гардида, парчами илму донишро дар замири ҳар як хонанда партавафшон менамоянд.

Сардори Раёсати маорифи вилояти Суғд Осим Каримзода ба ҳозирин номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро расонд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба мақому мавқеи омўзгор дар пешрафти ҷомеа чунин таъкид намуданд: «Ояндаи мамлакат аз фаъолияти омӯзгор ва рушди илму маориф вобастагии зиёд дорад. Дар хотир бояд дошт, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи худро пайдо намояд». Воқеан ҳам рушди ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи маърифати мардум, азхудкунии имкониятҳои нави технологӣ ва умуман рушди иҷтимоӣ мустақиман аз сатҳи маърифат, ташкили ҷараёни мураттабу хушсифати таълиму тарбия ва донишу малакаи омӯзгор вобастагии калон дорад.

Муҳайё Акмалхӯҷаева, мудири шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд аз таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат ба соҳаи маориф изҳори миннатдорӣ баён намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки тамоми кормандони соҳаи маориф неруи худро барои баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин сафарбар намуда, барои рушди ҷомеа нақш хоҳанд гузошт.

Дар анҷоми чорабинӣ ба як қатор фаъолони соҳа сипоснома ва ифтихорномаҳо тақдим карда шуд. Аз ҷумла барои фаъолияти назаррас ва саҳми арзанда дар таълиму тарбияи мутахассисони соҳибкасб, тайёр кардани кадрҳои илмии педагогӣ, таблиғи дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ширкати фаъолона дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, анҷоми корҳои босамари таълимӣ-тарбиявӣ сарвари муассисаи ғайридавлатии "Гулчини маърифат"-и шаҳри Хуҷанд , Аълочии маорифи Тоҷикистон Матлуба Муинова тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд бо унвони «Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд» сарфароз гардонида шуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд