(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мулоқот сурат гирифта, нуктаҳои муҳими Барнома шарҳ дода шуданд.

Зимни муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахси боэътимод – Муъмин Шарифзода , таъкид шуд, ки таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва содда гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла такмил додани низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосӣ дорад.

Ҳамчунин зимни вохурӣ бо интихобкунандагон оиди дастовардҳои даврони истиқлолияти давлатӣ, ҳадафҳои стратегии мамлакат, нақша ва барномаҳои дурнамои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ гардидани нақбҳои автомобили ва сохта ба истифода дода шудани НБО Сангтуда ва ду агрегатҳои барқии НБО Роғун ва ғайра, ки бе восита бо дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида истодааст, маълумоти муфассал дода шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд