(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Омўзгорон шоистаи арҷгузорию қадршиносианд.

Омӯзгорони гиромиқадр, мураббиёни азиз ва кулли алоқамандони соҳаи маориф!

Шуморо аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо Рӯзи омӯзгор табрику таҳният мегӯям.

Ҳамасола мардуми шарафманди шаҳри бостонии Хуҷанд чун дигар сокинони шаҳру навоҳии мамлакат бо мақсади арҷгузорӣ ба хидмати муаллим, таълиму тарбиятдиҳандаи аҳли башар Рӯзи омӯзгоронро ботантана ҷашн мегирад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, соҳаи маорифро яке аз самтҳои стратегӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат эътироф намуда, ҷиҳати бузургдошти шахсияти муаллимону мураббиён ғамхориҳои бузург зоҳир менамоянд. Пешвои муаззами миллат дар яке аз суханрониҳои худ дар васфи омўзгорон чунин фармудаанд: «Муаллимону омўзгорон машъалафрўзони илму дониш буда, дар замири хонандагон шўълаи меҳри хондану аз бар намудан ва омўхтани донишҳои гуногуни муосири ҷаҳониро меафрўзанд. Ба ибораи дигар устодон шаҳсутунҳои низоми таълиму тарбия ва омўзишу парвариш мебошанд».

Барои беҳтар намудани шароити муассисаҳои соҳаи маориф бо дастгирии ҳамаҷонибаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як силсила тадбирҳо амалӣ карда шуд, ки дар натиҷа муассисаҳои таълимии типи нав ва замонавӣ сохта ба истифода дода шуда, сатҳу сифати тарбия ва дараҷаи донишандӯзии хонандагон куллан беҳтар гардид.

Омўзгорон ба ҳама гуна арҷгузорию қадршиносӣ шоистаанд, зеро пешаи омўзгорӣ басе сангину заҳматталаб, вале пурифтихор аст. Устодони маҳбуби мо баҳри боло рафтани сатҳи таълиму тарбия, шукуфоии имрўзу фардои кишвар ва афзудани обрўю эътибори ҷумҳуриамон дар арсаи ҷаҳон пайваста меҳнати фидокорона мекунанд ва ин ҳама заҳмат натиҷаҳои дилхоҳ дода истодааст ва аз назари роҳбарияти кишвару вилоят ва шаҳр дур намемонад.

Омӯзгорон ва кулли алоқамандони соҳаи маорифро бо Рӯзи гиромидошти муаллим бори дигар табрику таҳният мегӯям, барояшон тани сиҳат, барори кор ва дар таълиму тарбияи насли наврас муваффақиятҳои бешумор хоҳонам.