(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Кохи Рўдакии шаҳри Хуҷанд вохӯрии интихобкунандагон бо номзадҳо ва шахсони боэътимоди онҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Аграрии Тоҷикистон, Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон, Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҳизби Ислоҳоти Иқтисодии Тоҷикистон ва Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ва муаррифии барномаҳои пешазинтихоботии онҳо баргузор гардид.

Раиси комиссияи ҳавзаи интихоботии «Хуҷанд 26» Баҳодур Муъминов мулоқотро оғоз намуда, ба шахсони боэътимод ва номзадон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан дод.

Мирзоанвар Ахмедов шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Агарарии Тоҷикистон Рустам Латифзода зимни муаррифии барномаи пешазинтихоботӣ масъалаи кам кардани шумораи санҷишҳо дар корхонаҳои истеҳсолию хизматрасонӣ ва ҷорӣ кардани иҷозати ягона барои фаъолияти соҳибкориро бо пешниҳодҳои мушаххас мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод. Ҳамзамон барои рушди соҳибкорӣ бозбинии Кодекси андоз зарур донистааст.

Алоқамандии илм бо истеҳсолот ва зиёд намудани маоши омӯзгорону беҳтар кардани таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ аз ҷумлаи масъалаҳое мебошанд, ки дар барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Сотсиалистии Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффорзода ба таври возеҳу рӯшан шарҳ дода шудааст.

Ба таъкиди номзад, ҳамон вақт бозори дохилӣ пурра бо маҳсулоти ватанӣ таъмин мешавад, ки корҳои илмии олимон дар амал татбиқ ва ихтироъкорию навоварӣ дар соҳаи саноат бештар гардад.

Таъмин намудани фаъолияти бонизоми соҳибкорӣ тавассути ташкили марказҳои хизматрасонӣ ба сармоягузорону соҳибкорон дар минтақаҳои кишвар ва содда гардонидани расмиёти пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла такмил додани низоми иҷозатдиҳӣ ва санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Итттифоқои касабаи мустақили Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мавқеи асосӣ дорад.

Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби шахси боэътимод - Ҷамшед Ҷӯразода муаррифӣ карда шуд.

Муайян ё таъин намудани фоизи камтарини қарзҳои манзилсозӣ барои оилаҳои серфарзанд, додани кўмакпулиҳои мақсаднок аз ҷониби бонкҳои масъули давлатӣ, таъсиси фонди тандурустӣ; аз ҷумла равона кардани як қисми даромади муассисаҳои тандурустӣ аз хизматрасонии пулакии аҳолӣ ба ин фонд дар барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон Рустам Раҳматзода матраҳ гардидааст.

Масъалаи бо ҷойи кор таъмин намудани занон низ дар барномаи номзад ҷойгоҳи аосӣ дорад.

Номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон Мироҷ Абдуллоев ташкили ниҳоди давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои кафолати таъминоти сӯзишворӣ, нуриҳо, техникаи кишоварзӣ ва қисмҳои эҳтиётӣ бо нархҳои дастрас бидуни миёнаравро зарур мешуморад ва ин масъала дар барномаи пешазинтихоботиаш низ дарҷ гардидааст.

Ба ҳамин монанд даҳҳо масъалаи дигар дар вохӯрӣ бо интихобкунандагон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.

Лозим ба таъкид аст, ки ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа, аз ҷумла таъмин намудани рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ муҳтавои асосии барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо амалӣ гардидани ҳадафҳои муайяншуда, зиндагии мардум аз ин ҳам беҳтару хубтар хоҳад шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд