(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои интихоботи президентӣ ҳамоиши ҷавонони фаъоли Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан”-и вилояти Суғд таҳти унвони “Ҷавонон нерӯи ояндасози миллатанд” баргузор гардид.

Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Матлуба Амонзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд Наим Маликисломӣ ва шахсони боътимоди номзад ба мансаби президентӣ аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ректори ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров доктори илмҳои таърих, профессор Ҷамшед Ҷӯразода ва ректори ДДҲБСТ, доктори илмҳои иқтисод, профессор Мӯъмин Шарифзода ва ҷавонони фаъоли ташкилот аз шаҳру навоҳии вилоят ширкат варзиданд.

Чорабиниро Наим Маликисломӣ ҳусни оғоз бахшида, зикр дошт, ки санаи 11 –уми октяри соли равон маъракаи муҳими сиёсӣ –интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, ки ширкати фаъолонаи шаҳрвандон дар интихобот барои рушди минбаъда ва босуботи мамлакат нақши ҳалкунанда дорад.

Дар баромади Матлуба Амонзода қайд шуд, ки боварӣ ва эътимоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон ғамхорона ва дурбинона буда, имрӯз аз ҳар як нафар ҷавон дар ҳамаи самтҳои фаъолият масъулияти баланди хештаншиносиро тақозо менамояд, ки дар масъалаи истифодаи самараноки нерӯи созандаи ҷавонон, тарбияву интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои ҷавону лаёқатманд ва соҳибмаърифат, тарғибу ташвиқи пайвастаи донишандӯзӣ ва камолоти ҷисмониву маънавии ҷавонон, тарзи ҳаёти солим, азхуд кардани касбу ҳунарҳои замонавӣ байни ҷавонон ва ҷомеа ҷиддан фаъол бошанд. Моро зарур аст, ки ин нерӯи ояндасозро бар нафъи халқу миллат равона намоем.

Ҷамшед Ҷӯразода ва Муъмин Шарифзода аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар соҳаи гуногуни хоҷагии ҳарф зада, зикр намуданд, ки бо ҳидояту раҳнамоиҳои Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон халқи шарифу қаҳрамони тоҷик аз нахустин рўзҳои Истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории навин, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, дар тўли чаҳоряк соли соҳибистиқлолӣ ба хотири ободии ватан, раванди созандагӣ, яъне бунёди неругоҳу нақбҳо, корхонаву муасссаҳо ва роҳҳои мошингарди ҷавобгў ба меъёрҳои байналмилалиро пеш гирифт.

Дар анҷоми чорабинӣ Роҳбари намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар вилояти Суғд матни изҳороти Шӯрои Марказии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» ҷиҳати дастгирии номзади Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешкаши аҳли ҳозирин намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд