(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар хобгоҳи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд донишҷўён қисматҳои нави филми мустанади “Хиёнат”-ро тамошо намуданд.

Маълум гардид, ки дар ин филми ҳуҷҷатӣ дар асоси далелҳои раднопазир дар бораи фаъолияти тахрибкоронаи Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ дар солҳои 90-уми асри ХХ сухан мерафт. Таҳия ва ба намоиш гузоштани чунин филмҳои ҳуҷҷатӣ, албатта як иқдоми саривақтӣ ва мубрам мебошад, зеро имрӯз ҳам ТТЭ ҲНИ фаъолияти зиддимиллии худро аз хориҷи кишвар идома дода истодааст. Чуноне, ки дар филм омадааст, фаъолияти ТТЭ ҲНИ аз рӯзи таъсисаш мазмуну мундариҷаи зиддитоҷикӣ дошта, аъзоёни ин ташкилоти террористӣ барои ташкили давлати исломӣ дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта даст ба ҷиноят ва амалҳои мудҳиш бар зидди ҳамватанони худ задаанд.

Чуноне аз далелҳои дар филми “Хиёнат” овардашуда бармеояд, яке аз ҷиноятҳои мудҳиши ТТЭ ҲНИ — ин амалҳои зиддиинсонӣ ва зиддиахлоқии аъзоёни ин ташкилоти террористӣ нисбати бонувони тоҷик дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ мебошад. Шоҳидони таҳқиру куштори занони тоҷик аз ҷониби аъзоёни ТТЭ ҲНИ бо далелҳо дар бораи рафтори ғайриинсонии ифротгароёни динӣ дар филми “Хиёнат” ёдоварӣ менамоянд. Муносибати ҷомеа ба бонувони худ инъикоси рушди тамаддун ва фарҳанг дар ин ҷомеа аст. Таърих гувоҳ аст, ки танҳо ҷомеаҳои динзада ва рушднаёфта ба бонувони худ муносибати ғайриинсонӣ мекунанд. Филми мустанади “Хиёнат” тавонист муносибати воқеии аъзоёни ТТЭ ҲНИ-ро, яъне муносибати ғайрахлоқӣ ва зиддиинсонии онҳоро дар нисбати бонувони тоҷик нишон диҳад.

Филми “Хиёнат” барои ҳар як шаҳрванди баору номус як ҳушдоре аз қаъри таърихи навини тоҷик ирсол намуда, бори дигар таъкид мекунад, ки тафаккури динзада ба фанои ҷомеа ва давлатҳо оварда мерасонад.

Шуъбаи кор
бо ВАО