(2 голоса, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда зиёда аз 200 нафар кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва сохторҳои марбутаи он бо мақсади кӯмаки амалӣ расонидан ба марди деҳқон ба маъракаи пахтачинӣ ҷалб карда шуданд.

Ҳашарчиён дар заминҳои хоҷагии ба номи Саидхўҷа Ўрунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба чиниши пахта машғул шуда, саҳми назарраси худро дар ғанӣ гардонидани хирмани тиллои сафеди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гузоштанд.

Роҳбарияти хоҷаги ин иқдоми некро барои кӯмаки амалӣ расонидан ба деҳқонони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хуб арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки бо истифода аз ҳавои мусоид ҳамагон бояд барои бенуқсон чидани ҳар як пағаи пахта саҳмгузорӣ намоем. Зеро пахта ҳамчун ашёи хоми саноатии корхонаҳои шаҳр барои пешбурди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ бисёр муҳим буда, ҳамзамон ҷалби ашхоси бекор барои чиниши он як навъи ҷойи кори мавсимӣ низ шуда метавонад.

Кормандони сохторҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар як рӯзи ҳашар беш аз 5200 кило пахта ҷамъоварӣ намуда, ба хирмани хоҷагӣ рехтанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд