(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altДар Рўзи шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Раҳим Ҷалил мағозаи бузурги ““Шаҳри афсонавӣ” ифтитоҳ гардид.

Дар расмикушоди ин маркази савдо Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ва фаъолони шаҳр иштирок намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази тиҷоратии ““Шаҳри афсонавӣ” бо иқдоми соҳибкори ватанӣ Ёқубҷон Раҳимбоев ифтитоҳ карда шуд, ки дар он асосан молу маҳсулоти ниёзи бачагона фурўхта мешавад. Мағоза аз таҳхона ва 2 ошёна ибора буда, масоҳати он 450 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Ба мағоза сармояи дохилию хориҷӣ бо маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ сарф карда шудааст. Молҳо истеҳсоли кишварҳои Туркия ва Хитой буда, бинобар дастрасӣ аз дасти аввал нисбатан аз бозор арзон аст. Тамоми намуди бозичаҳо, велосипед, аробача ва дигар таҷҳизоти талаботи наврасон дар мағоза ба фурўш гузошта шудааст. Ҳамчунин намудҳои гуногуни либосҳои бачагона бо сифтаи баланд пешкаши харидорон гардидааст. Маҷмуъан 174 намуди молу маҳсулоти бачагона дар мағозаи ““Шаҳри афсонавӣ” ҷойгир шудааст, ки 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо маоши баланд ва ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд.

Шаҳрдор Маъруф Муҳаммадзода ҳозиринро бо Рӯзи шаҳри Хуҷанд таҳният ин иқдоми соҳибкорро намунаи ибрат ва пайравӣ дониста, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамарўза соҳибкорон ва шахсони эҳсонкор дар шаҳри Хуҷанд дар арсаи созандагию ободкорӣ саҳми арзанда мегузоранд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо мардум таъкид мекунанд, ки «Ватанро дар сухан не, балки сидқан, аз самими қалб дӯст дорему дар ободии он саҳм гузорем». Мо ифтихор менамоем, ки чунин соҳибкорони бонангу номус дорем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд