(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

ЗИ НУРИ ИСТИҚЛОЛ ШУКУФОНӢ, ХУҶАНД!

Ҳамватанони азиз, сокинони сарбаланди шаҳри бостонии Хуҷанд!

Имрўз рўзи шаҳрест, ки онро оламиён бо муҳаббат ва эҳтироми хос Тирози ҷаҳон – зебу зинати ҷаҳон мехонанду ин шаҳр чун шаҳри бузургони миллат, накўкорону некдилон, соҳибназарону соҳибдилон, ҳунармандону суханварон маъруфият дорад ва дар радифи дигар шаҳрҳои маъруфи олам ҷой дорад ва аз соли 2014-ум 25-уми сентябр Рӯзи шаҳр ҳамчун рӯзи махсуси худшиносӣ ва гиромидошти фарзандони обрӯманди ин хуршедшаҳр таҷлил мегардад.

Кулли сокинон ва меҳмонони Хуҷандшаҳри бостониро бо ин санаи муборак аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрик ва таҳният гуфта, барояшон бахту иқболи нек, рўзгори ободу осуда, шодию нишот ва хуррамию шукуфоии аз ин бешро орзу менамоям.

Воқеан, таърихи хеле қадиму пурғановати Хуҷандшаҳр ба қаъри асрҳо меравад ва саҳифаҳои пуршарафу нотакрори он боиси ифтихор ва ибрати мо аст. Дар ин авроқи рангин сарнавишту рўзгори сокинон, роҳи пуршарафи қаҳрамонон, таҷрибаву пайванди асрҳову наслҳо, ҳаёти пурҷӯшу хурӯши муосирон, хуррамиву сарсабзии хиёбону кӯчабощҳои ин шаҳри ҳамешаҷавонамон таҷассум ёфтааст.

Дар сарчашмаҳои таърихиву ҷуғрофӣ ва адабӣ Хуҷанд чун шаҳри мардуми озоду озода, саховатманд, бомурувват, аҳли илму фарҳанг ва ҳунар, зикр ёфтааст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён доштаанд: «Сокинони шаҳри Хуҷанд ҳамеша бо меҳнатдўстӣ, сабру таҳаммул, тамкину бурдбории худ барои тамоми ҷумҳурӣ намунаи ибрат ва боиси ифтихор буданду ҳастанд».

Хуҷандиён бо фарзандони фарзонаи худ – Абўмаҳмуди Хуҷандӣ, Шайх Маслиҳатдин Бадеъуддини Нурӣ, Маҳастии Хуҷандӣ, Шайх Камоли Хуҷандӣ,ки имсол 700-солагии ин бузургвор дар сатҳи ҷаҳон таҷлил гардида истодааст, аллома Бобоҷон Ғафуров, Муҳаммад Осимӣ, Раҳим Ҷалил ва садҳои дигар олиму адиб, табибу ҳунармандаш ифтихор дорад ва номи ҳар якеро дар вараыи таърих бо хати тилло навиштааст.

Хуҷанд дар баробари фозилону донишмандонаш бо мардони шуҷоъ ва муҳофизони хеш фахр мекунад. Қаҳрамони халқи тоҷик Темурмалик–намунаи рўҳи шикастнопазир ва садоқати бепоён нисбати халқу Ватан буда, номи ин сарлашкари ҷовидон низ ҳамеша вирди забонҳо аст. Шуҷоат ва худфидоии Темурмалик дар баробари абарқудратони ҷоннисор чун Спитамен, Маздак, Абўмуслим, Муқаннаъ меистад, ки боиси пайравист.

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон Тоҷикистон Хуҷанди бостонӣ ва мардуми меҳнатдӯсти он барои рушду пешрафти бемайлон талош намуда, шаҳрро ба як боғшаҳри сарсабзу шукуфон, иҷтимоиёташро шоиста ва иытисодиёташро муваффаы гардонд.

Мо, хуҷандиён, аз он ифтихор дорем, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаҳри куҳанбунёду ҳамешаҷавонамон дар назари ҳар сокин ва меҳмононаш ҳар рўзу ҳар соат ободтару шукуфотар гардида, ба як шаҳри замонавиву пешқадам табдил ёфтааст.

Эътимоди комил дорам, ки дар ҳамдастию шукргузорӣ аз соҳибистиқлолии Ватани маҳбубамон сокинони сарбаланди шаҳр ҳамаи имкону тавонмандиашонро минбаъд низ ба кор бурда, ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни пуршукўҳи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷидду ҷаҳд менамоянд.

Бо ҳамин орзуву ниятҳои нек бори дигар кулли сокинони Хуҷандшаҳри бостониро ба ифтихори “Рўзи шаҳр” табрику муборакбод намуда, барои ҳар яки Шумо саодатмандиву хонаободӣ таманно менамоям.

Бигзор Хуршедшаҳри маҳбуби мо зи нури Истиқлолият ҳамеша шукуфон бошад!