(1 овоз, миёна 1.00 аз 5)

altБо таваҷҷуҳ ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва ба истиқболи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ иншооти гуногуни хизматрасонӣ бунёд карда мешаванд. Аз ҷумлаи чунин иншоот тарабхонаи «Форел» мебошад, ки дар соҳили рости дарёи Сир бунёд шуда истодааст.

Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода аз раванди сохтмони тарабхонаи «Форел» ошноӣ пайдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки тарабхонаи «Форел» барои ҷалби сайёҳон бахусус хориҷиён нигаронида шуда, дар атрофи он барои шаҳрвандон мавзеъҳои истироҳатӣ бунёд карда мешавад. Аз ҷумла бунёди як шиногоҳ ба нақша гирифта шудааст.

Алҳол корҳои сохтмонӣ ва васлкунӣ дар таҳхона, ошёнаи якум ва дуюми иншоот бомаром идома дорад. Муассиси ширкати «Форел» Муҳсин Шодиев иттилоъ дод, ки иншоот аз таҳхона ва 2 ошёна иборат буда, дар масоҳат 960 метри мураббаъ сохта мешавад. Алҳол дар иншоот наздик 30 нафар фаъолияти пурсамар доранд ва баъди истифодадии он беш аз 25 нафар шаҳрвандон соҳиби ҷойи кори доимӣ мегарданд. Раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Муҳаммадзода ба роҳбарияти ширкати «Форел» ҷиҳати суръатбахшии босифати корҳо дастуру супоришҳо дода, баҳри ободонии атрофи он, ташкили инфрасохтори сайёҳӣ машварат дод.

Таъкид шуд, ки атрофи иншоот пурра тоза карда шуда, барои мардум шароити созгори истироҳату фароғат дар соҳили дарёи Сир муҳайё гардад.

Ҷоиз ба зикр аст, ки тарабхонаи «Форел» аз ҷониби ҶДММ «Форел» сохта шуда истодааст ва дар рўзҳои таҷлили Наврўзи 2021 мавриди истифодабарӣ қарор дода мешавад.

Ҳифзи солимии аҳолии мамлакат яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии босифати тиббӣ ва ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани он аз ҷониби Давлат ва Ҳукумати мамлакат як қатор барномаву стратегия ва дигар санадҳои муҳим қабул ва амалӣ гардида истодаанд.

Дар заминаи дастгирии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд якчанд марказҳои хизматрасонии хусусии тиббӣ фаъолияти назаррас дошта, ҳамзамон бунёди боз якчанд марказҳои хизматрасонии соҳаи тандурустӣ бомаром идома дорад.

Яке аз чунин марказҳои хизматрасонии тиббӣ дар кўчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд мебошад. Иншоот бо саҳми соҳибкори ватанӣ Шўҳрат Юлдошев бунёд шуда, аз 5 ошёна иборат мебошад. Корҳои лоиҳакашӣ аз ҷониби КФД «Лоиҳакаш»-и шаҳри Хуҷанд амалӣ гардидааст. Корҳои бунёдии иншоот асосан анҷом ёфта, кор дар самти дохили иншоот ва тарҳи намои он бомаром идома дорад.

Маъруф Муҳаммадзода бо молики иншоот супориш дод, ки раванди сохтмон ва сифати онро зери назорати ҷиддӣ қарор диҳад ва зимни бунёди он ба унсурҳои сохтмони миллӣ эътибори дода шавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд